Пайвандони Ғаффор Мирзоев аз вазъи ӯ бехабаранд

Баъди охирин маротиба супурдани хӯрокворӣ хоҳари Ғаффор Мирзоев аз бародараш ҳатто навиштаҷоти дастрас шудани ин маҳсулотро нагирифтааст. «Ҳозир мо намедонем, ки аҳволи ӯ чӣ гуна аст. Рӯзи 4 август ман ба ӯ хӯрокворӣ бурдам. Маъмулан маъмурияти зиндон баъдан ба ман навиштаҷоти ӯро дар бораи қабул кардани он меоварданд, ин дафъа бошад, аз ӯ ҳеҷ навиштаҷоте […]

Asia-Plus

Баъди охирин маротиба супурдани хӯрокворӣ хоҳари Ғаффор Мирзоев аз бародараш ҳатто навиштаҷоти дастрас шудани ин маҳсулотро нагирифтааст.

«Ҳозир мо намедонем, ки аҳволи ӯ чӣ гуна аст. Рӯзи 4 август ман ба ӯ хӯрокворӣ бурдам. Маъмулан маъмурияти зиндон баъдан ба ман навиштаҷоти ӯро дар бораи қабул кардани он меоварданд, ин дафъа бошад, аз ӯ ҳеҷ навиштаҷоте нагирифтам», – гуфт Ойиша Мирзоева, хоҳари Ғаффор Мирзоев.

Ғаффор Мирзоев ба иттиҳоми содир намудани як қатор ҷиноятҳо ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуда, аллакай муддати 11 сол аст дар зиндон адои ҷазо мекунад.

«Ман бовар надорам, ки ӯ худашро хуб ҳис мекунад. Ба ӯ дар се моҳ як бор гирифтани маҳсулоту лавозимоти зарурӣ ва ду маротиба боздид дар як сол иҷозат дода шудааст. Бори охир ман ӯро 20 май дида будам. Он вақт ҳолаташ хуб буд. Вале баъди ба ман аз СИЗО хабар додани гуруснанишинӣ эълон кардани ӯ, ман бовар надорам, ки вазъи ӯ хуб аст. Ҳамон вақт ба ман гуфтанд, ки гӯё ӯ ба тавқифгоҳи ҷаримавӣ гузаронида шудааст», – мегӯяд Ойиша Мирзоева.

Ба қавли ӯ, бародараш ба дастгоҳи иҷроияи президент ба унвони роҳбари он Озода Раҳмон бо дархости бозбинӣ шудани парвандааш мактуб навишта, ба он посух гирифтаанд, ки он ба Вазорати адлия ирсол шудааст ва сипас ба Прокуратураи генералӣ ҷиҳати бо кумаки тиббӣ таъмин набудани ӯ нома навиштаанд ва аз он ҷо посух додаанд, ки ӯ бо кумаки тиббӣ таъмин аст.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки Ғаффор Мирзоев бобати бозбинӣ шудани парвандааш мутобиқи қонунгузорӣ қариб 100 нома навиштааст, зеро муддати 10 соли адои ҷазо ба ягон қонуншикание даст назадааст. «Вале чаро касе ӯро намешунаваду парвандаашро бозбинӣ намекунад?», – мегӯяд ӯ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.