Кӯчонидани хонаҳо «зери мили» автомату чӯбдастҳои резинӣ

Asia-Plus

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори видео мунташир шуд, ки дар он чӣ гуна аз ҷониби кормандони фурудгоҳи пойтахт ҳамроҳ бо кормандони милитсияи мусаллаҳ бо автомату чӯбдасти резинӣ (дубинка), судиҷрочиён ва истифода аз техникаи махсус кӯчонида шудани манзилҳои сокинони кӯчаи Мастонгулов сабт шудааст. Дар ин хонаҳо оилаҳои Бекуловҳо, Даминовҳо ва Умаровҳо зиндагӣ мекунанд.

Дар навори видео шунида мешавад, ки чӣ тавр судиҷрочиён сокинони манзилро ба тарки қаламрав водор мекунанд ва дар посух онҳо мегӯянд, ки аз хонаҳояшон ба ҳеҷ куҷо намераванд. Дар навор техникаи махсус ҳам дида мешавад, ки барои кӯчонидани хонаҳо овардаанд.

Мо ба маҳалли ҳодиса рафтем…

«Шумо аввал моро бо манзил таъмин кунед. Ин чӣ бедодгарист? Хонаҳои мо замони шӯравӣ ва 25 соли истиқлолият  қонунӣ буданд ва акнун ғайриқонунӣ сохташуда эътироф гардиданд?!», – мегӯянд сокинон дар навор.

… Дар маҳалли ҳодиса ба хабарнигори «Азия-Плюс» аён шуд, ки манзили Бекуловҳо, ҳамчунин ошхона ва нуқтаи хизматгузории техникии муталлиқ ба ин оила аллакай кӯчонида шудааст.

«Ин ҷо манзили мо бо якчанд ҳуҷра, ошхона, нуқтаи хизматрасонии техникӣ ва боғи калон вуҷуд дошт. Ба ивази ҳамаи ин ба мо ҳамагӣ хонаи якҳуҷрадор пешниҳод карданд. Ман чӣ гуна бо оилаам иборат аз 6 нафар ва волидонам дар он зиндагӣ кунам? Чаро масъалаи мо чунин беадолатона ҳал мешавад?», – изҳор медорад сарвари оила.

Интизории ташвишовари Умаровҳо ва Даминовҳо

«Дирӯз ин ҷо ҳангомае буд, – мегӯяд Матлуба Умарова. – Кормандони фурудгоҳу милитсия ба бедодгарӣ машғул буданд. Бародарам қариб зери булдозер монда буд. Мо чандин маротиба ба президент, раҳбарияти шаҳр муроҷиат кардем. Намедонем боз ба кӣ муроҷиат кунем. Кӯдакон дар ҳаросу калонсолон дар ташвишанд. Баъди корҳои онҳо кӯдакони мо шаб хоб карда натавонистанд, барои худи мо се маротиба ёрии таъҷилии тиббӣ даъват шуд, зеро касеро фишор баланд шуда, дигариро дарди дилаш хурӯҷ кард».

Ба гуфтаи зан, дар ин хонаҳо беш аз 45 нафар иқомат дошта, ҳамаи онҳоро дар хонаи 4-ҳуҷрагӣ ҷой карданианд.

«Чӣ гуна ин қадар одам, 7 оила дар он зиндагӣ мекунад?! Мегӯянд, агар маъқул набошад, ана замини нообод, дар он манзил бунёд кунед. Магар ҳозир хона сохтан осон аст?», – изҳор мекунад Умарова.

Қобили зикр аст, ки дар бораи кӯчонида шудани манзилашон сокинони кӯчаи Мастонгулов (45а, 45б, 45в, 316, 316/2, 316б, 316в, 316г) як сол пеш огоҳ шуда буданд.

Дар шарҳи ин қазия Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе як моҳ қабл ба «Азия-Плюс» изҳор намуда буд, ки замоне ин қитъаи заминҳо, ки барои сохтмони иншооти ёридиҳандаи фурудгоҳ пешбинӣ гардида буд, ғайриқонунӣ ба сокинони ҳозираи ин қаламрав ҷудо карда шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ, “Фирдавсӣ”, “Куруши Кабир”, “Кӯли ҷавонон” ва майдончаи фарҳангу фароғатии воқеъ дар кӯчаи...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.