Хешовандони ду узви гурӯҳи ҷиноятпешаи «бандаи ГТА», ки ҳангоми тирпарронӣ дар бинои Суди вилояти Маскав кушта шуданд, ба қатъи парванда нисбати онҳо дар робита ба марги айбдоршавандагон розӣ шуданд.
Тавре хабаргузории РБК дар ин робита иттилоъ медиҳад, хушдомани Мирзомавлон Мирзошарипов ва бародари Абдумуқим Мамадҷонов дар толори суд изҳор доштаанд, ки ба қатъи парванда розӣ мебошанд.
«Ман ин ҷо барои ба Тоҷикистон бурдани ҷасад омадаам ва ба қатъи парванда мухолиф нестам», – гуфтааст Мирзошарипова дар толори суд.
Бино ба иттилои хабаргузории ТАСС, бародари Мамадҷонов низ қатъи парвандаро аз суд дархост намуда, изҳор доштааст, ки «хоҳиш мекунам, парвнада қатъ шавад».
Қобили зикр аст, ки муҳокимаи парвандаи 9 узви бандаи ГТА дар додгоҳи вилояти Маскав аз 13 июли соли 2016 ба ин тараф идома дорад.
Дар тирпарронии байни ОМОН ва аъзои бандаи ГТА дар бинои додгоҳи вилояти Маскав, ки аввали моҳи август сурат гирифт, як зодаи Қирғизистон Холиқ Субҳонов ва ду зодаи Тоҷикистон Абдумуқим Мамадҷонов ва Мирзомавлон Мирзошарипов кушта шуда, ду зодаи дигари Тоҷикистон Умар Ҳасанов ва Зафарҷон Ғуломов ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд.
Номи ГТА дар исми ин “банда” аз номи бозии компутарии маъруф Grand Theft Auto (GTA) аст ва матбуоти Русия ин номро ба ин гурӯҳи ҷиноӣ додааст. Ин бозӣ дар бораи зиндагӣ дар як шаҳрест, ки аз сӯи гурӯҳҳои ҷиноӣ тасарруф шудааст.


