Зани пиронсоли садақаталаб 40 сомонӣ ҷарима шуд

Як зани пиронсолеро, ки дар мавзеи назди Сирки шаҳри Душанбе садақаталабӣ мекард, кормандони милитсия барои халалдор кардани тартиботи ҷамъиятӣ 40 сомонӣ ҷарима кардаанд. Як зани сокини ноҳияи Фирдавсӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин зан нафақахӯри яккаву танҳо буда, нафақааш барои харидани доруворӣ намерасад ва маҷбур аст, ки талбандагӣ кунад. «Ҳамааш хуб […]

Asia-Plus

Як зани пиронсолеро, ки дар мавзеи назди Сирки шаҳри Душанбе садақаталабӣ мекард, кормандони милитсия барои халалдор кардани тартиботи ҷамъиятӣ 40 сомонӣ ҷарима кардаанд.

Як зани сокини ноҳияи Фирдавсӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин зан нафақахӯри яккаву танҳо буда, нафақааш барои харидани доруворӣ намерасад ва маҷбур аст, ки талбандагӣ кунад.

«Ҳамааш хуб буд, ҳеҷ касе ба ӯ коре надошт, вале ҳафтаи гузашта кормандони милитсия ӯро 40 сомонӣ ҷарима карда, огоҳ карданд, ки дигар дар кӯча талбандагӣ накунад. Акнун ӯ аз кӯча баромадан метарсад», – гуфт зан.

Сардори хадамоти матбуоти ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ дар ин робита изҳор намуд, ки «ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ кори рӯзмарраи мо буда, мақомот бо онҳо (талбандагон) корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад, ки ин ҷо ягон навигарие нест».

«Рейдҳо асосан нисбати ҷӯгиҳо гузаронида мешаванд. Онҳо шахсони комилан коршояманд, вале талбандагиро ба касби худ табдил дода, бо ин амал симои шаҳрро коста ва бо талбандагӣ табъи мардумро хира мекунанд», – иброз дошт ӯ.

Номбурда қайд кард, ки бо шахсони пиронсол ва маъюбон дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, дар ҳолати шароити душвори зиндагиашон, онҳо ба муасссисаҳои махсуси пойтахт фиристода мешаванд.

«Агар кӯдакон дар кӯча ба талбандагӣ машғул бошанд, волидони онҳо мутобиқи қонуни масъулияти падару модарон дар ҳаҷми 3 нишондиҳандаи ҳисоб, яъне 150 сомонӣ ҷарима мешаванд», – зикр кард намояндаи ВКД.

Дар робита ба қазияи зани мушаххас назди сирк Умарҷони Эмомалӣ изҳор дошт, ки «кормандони милитсия ӯро ғайриқонунӣ ҷарима кардаанд ва ӯ тариқи телефони боварии 221-21-21 метавонад ба ВКД муроҷиат кунад, то ки масъала мавриди баррасиву баҳогузорӣ қарор гирад».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.