Санаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон муайян шуд

Маросими тантанавии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон санаи 10 октябр дар Театри давлатии акдемии ба номи Алишер Навоӣ дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар кишвари ҳамсоя то 14 октябр идома ёфта, ин дафъа намояндагон ва ҳунармандони ҷумҳурӣ танҳо дар толорҳои шаҳри […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Маросими тантанавии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон санаи 10 октябр дар Театри давлатии акдемии ба номи Алишер Навоӣ дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар кишвари ҳамсоя то 14 октябр идома ёфта, ин дафъа намояндагон ва ҳунармандони ҷумҳурӣ танҳо дар толорҳои шаҳри Тошканд ҳунарнамоӣ мекунанд. Ҳунарнамоии намояндагони Тоҷикистон дар минтақаҳои дигари Ӯзбекистон ба нақша гирифта нашудааст.

Зимнан зикр гардид, ки рӯйхати ҳайати Тоҷикистон, ки фарҳанги мардуми ҷумҳуриро дар ҳамсоякишвар муаррифӣ мекунад, алҳол мавриди мувофиқа қарор дорад.

Қобили зикр аст, ки Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон бори охир соли 1997 баргузор шуда буданд.

Моҳи майи соли равон бори нахуст дар таърихи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон доир гардиданд. Ҳайати кишвари ҳамсоя аз 55 нафар ҳунармандон иборат буд, ки миёни онҳо Ҳунармандони халқии Ӯзбекистон – Ғуломҷон Ёқубов ва Маҳмуд Намозов, Ҳунарманди шоистаи ин кишвар – Собирҷон Муминов, сароянда Севинҷ Муминова, ҷоизадорони мукофотҳо «Ниҳол» ва ансамбли давлатии таронаву рақси «Ӯзбекистон» ҳузур доштанд.

Дар ҳошияи ин чорабинӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Турсунзода барномаҳои консертии ҳунармандони ӯзбек баргузор шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.