Дарёфти тангаи истеҳсоли соли 1796 аз мусофири хатсайри Хуҷанд – Маскав

Хадамоти гумруки Тоҷикистон ба гумони даст доштан ба қасди интиқоли сиккаи дорои арзиши таърихию фарҳангӣ ба хориҷи кишвар як мусофири хатсайри ҳавоии “Хуҷанд-Маскав”-ро боздошт намуд.   Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки ҶТ, ҳангоми гузаронидани назорати гумрукии хатсайри №960 самти «Хуҷанд-Москва» бағоҷи дастии шаҳрванд Д.Н. аз назорати гумрукӣ гузаронида шуд. Гуфта мешавад, ҳангоми азназаргузаронӣ […]

Хадамоти гумруки Тоҷикистон ба гумони даст доштан ба қасди интиқоли сиккаи дорои арзиши таърихию фарҳангӣ ба хориҷи кишвар як мусофири хатсайри ҳавоии “Хуҷанд-Маскав”-ро боздошт намуд.

 

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки ҶТ, ҳангоми гузаронидани назорати гумрукии хатсайри №960 самти «Хуҷанд-Москва» бағоҷи дастии шаҳрванд Д.Н. аз назорати гумрукӣ гузаронида шуд.

Гуфта мешавад, ҳангоми азназаргузаронӣ аз дохили сумкачаи мардонаи чармини рангаш сиёҳ як адад сикка (танга)-и рангаш нуқрагин бо навиштаҷоти дар тарафи аввалин «Б.М. Павел II М II И Само Д-Все Росс», дар тарафи дуюм «Моната рубл 1796 года» дарёфт ва гирифта шуд, ки номбурда мехост, онро ғайриқонунӣ аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронад.

Мувофиқи хулосаи экспертизаи таърихии фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сиккаи нуқраранги барои ташхис пешниҳодгардида дорои арзишҳои таърихию фарҳангӣ дохил мешавад, ки бе иҷозатномаи мақомоти ваколатдор интиқоли онҳо аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ мебошад.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур нисбати шаҳрванд Д.Н. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 32 қисми 3-289 қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, аз рӯи тобеъияти тафтишотӣ ба прокуратураи вилояти Суғд исрол карда шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.