Духтарчаи 9-солаи дар бозори Истаравшан гумшударо 27 рӯз ҷустуҷӯ доранд. ВКД кумак мехоҳад

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон духтарчаи 9-сола Ганҷина Қаюмоваро, ки рӯзи 25 август дар бозори марказии шаҳри Истаравшан бедарак шуда буд, ҷустуҷӯ доранд. Аз рӯзи бедаракшавии духтарча 27 рӯз сипарӣ шуд, вале то ҳол ҷустуҷӯҳо ҳеҷ натиҷае надодааст. Дар ВКД Тоҷикистон хабар доданд, ки бо умеди кумак аз аҳолӣ дар кӯчаҳои пойтахт низ эълонҳо бо акси […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон духтарчаи 9-сола Ганҷина Қаюмоваро, ки рӯзи 25 август дар бозори марказии шаҳри Истаравшан бедарак шуда буд, ҷустуҷӯ доранд. Аз рӯзи бедаракшавии духтарча 27 рӯз сипарӣ шуд, вале то ҳол ҷустуҷӯҳо ҳеҷ натиҷае надодааст.

Дар ВКД Тоҷикистон хабар доданд, ки бо умеди кумак аз аҳолӣ дар кӯчаҳои пойтахт низ эълонҳо бо акси Ганҷина часпонида шудааст. «Дар бораи макони будубоши духтарча ба мо алҳол маълумот нарасидааст. Чорабиниҳои фаврии ҷустуҷӯӣ идома доранд», – гуфтанд дар ВКД.

Дар ҳамин ҳол, падари духтарчаи гумшуда Уктам Қаюмов ба «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки духтари ӯ, хонандаи синфи 2-юми мактаби №4-и шаҳри Истаравшан ҳангоми харид дар бозор ҳамроҳи ӯ бедарак шудааст.

«Ду нафар аз бозор гуфтанд, ки ҳангоми аз бозор баромадан ӯро дидаанд, – иброз дошт номбурда. – Аз сабти навори камераҳои видео низ дида мешавад, ки ӯ аз бозор баромадааст, лекин баъд ба куҷо рафтанаш то ҳол маълум нест».

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ дархост дорад, ки дар сурати дарёфти ҳама гуна маълумот дар бораи ин духтарча бо телефонҳои зерин ин маълумотро расонанд: 918-80-45-12 ва 927-53-33-55.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.