38 медали Тоҷикистон дар Бозиҳои осиёӣ. Тилло то ҳол дастнорас аст

Дар рӯзи нуҳуми Бозиҳои V Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Ашқобод варзишгарони Тоҷикистон соҳиби 4 медал – 2 нуқра ва 2 биринҷӣ шуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, медалҳои нуқраро Ҷомии Ҳасан дар самбо ва Искандари Рустам дар гуштини озод ба даст оварда, медалҳои биринҷиро бошад, Фотима Холова […]

МАркази матбуоти КМО Тоҷикистон

Дар рӯзи нуҳуми Бозиҳои V Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Ашқобод варзишгарони Тоҷикистон соҳиби 4 медал – 2 нуқра ва 2 биринҷӣ шуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, медалҳои нуқраро Ҷомии Ҳасан дар самбо ва Искандари Рустам дар гуштини озод ба даст оварда, медалҳои биринҷиро бошад, Фотима Холова дар намуди кикбоксинг ва Умед Ҳасанбеков дар намуди самбо сазовор шуданд.

Гуфта мешавад, шумораи медалҳои Тоҷикистон ба 38 адад расид – 10 нуқра ва 28 биринҷӣ ва дар ҷадвали ҳисоби медалҳо миёни 65 дастаи иштирокчӣ дар ҷои 27-ум қарор дорад.

Зимнан зикр мегардад, ки Туркманистон, ки 206 медал, аз ҷумла 79 тилло дорад, дар ҷои аввал аст. Чин бо 61 медал, аз ҷумла 23 тилло ба ҷои дуюм баромад. Эрон бо 89 медал, аз ҷумла 22 тилло дар мақоми сеюм аст.

Ҳамчунин илова мешавад, ки то имрӯз варзишгарони 34 кишвар соҳиби медал шуда, 26 давлат медали тилло ба даст овардаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.