ВАО: духтари тоҷики бевамондаи ҷангии ДИ бо панҷ кӯдак дарёфт шуд

Date:

Дар Ироқ духтари 16-солаи шаҳрванди Тоҷикистон, ҳамсари бевамондаи ҷангии Давлати исломӣ (ДИ) дарёфт шуд, хабар медиҳад шабакаи телевизионии RT.

Бино ба маълумоти манбаъ, Оишаи 16-соларо ҳамроҳи ду бародараш – Абдуллои 9-сола ва Муҳаммади 3-сола, ҳамчунин хоҳараш – Фотимаи 7-сола аз қаламрави зери назорати ДИ ба Бағдод бурдаанд.

«Ман намедонам, ки волидонам дар куҷоянд. Аввал онҳо дар Мавсил буданд, баъд ҷанг сар шуда, ман ба Талл-Афар рафтам», – ҳикоят кардааст Оиша.

МЕДИА (IFRAME)

Ӯ гуфтааст, дар роҳ ба паноҳгоҳ бо зане аз Русия бо ду кӯдакаш шинос шуда, вале дар роҳ зани русиягӣ аз бемории дил ҳалок мешавад.

«Нигоҳубини фарзандони ӯ – Марями 3-сола ва Фуадими 4-моҳаро ман ба уҳдаи худ гирифтам, – хабар медиҳад аз қавли Оиша манбаъ. – Ному насаби модари духтарон номаълум буда, падарашон Самир ном дошт».

То ин замон хабарнигорони RT дар паноҳгоҳ якчанд нафар кӯдакони ятиммондаи русзабонро дарёфта буданд. Миёни онҳо духтаре бо номи Марям низ ҳузур дорад. Дар бораи ӯ дар шабакаи телевизионии Russia Today гузориш пахш шуд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба ҷустуҷӯи пайвандону наздикони ин духтар машғул аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...