ВАО: духтари тоҷики бевамондаи ҷангии ДИ бо панҷ кӯдак дарёфт шуд

Дар Ироқ духтари 16-солаи шаҳрванди Тоҷикистон, ҳамсари бевамондаи ҷангии Давлати исломӣ (ДИ) дарёфт шуд, хабар медиҳад шабакаи телевизионии RT. Бино ба маълумоти манбаъ, Оишаи 16-соларо ҳамроҳи ду бародараш – Абдуллои 9-сола ва Муҳаммади 3-сола, ҳамчунин хоҳараш – Фотимаи 7-сола аз қаламрави зери назорати ДИ ба Бағдод бурдаанд. «Ман намедонам, ки волидонам дар куҷоянд. Аввал онҳо […]

Дар Ироқ духтари 16-солаи шаҳрванди Тоҷикистон, ҳамсари бевамондаи ҷангии Давлати исломӣ (ДИ) дарёфт шуд, хабар медиҳад шабакаи телевизионии RT.

Бино ба маълумоти манбаъ, Оишаи 16-соларо ҳамроҳи ду бародараш – Абдуллои 9-сола ва Муҳаммади 3-сола, ҳамчунин хоҳараш – Фотимаи 7-сола аз қаламрави зери назорати ДИ ба Бағдод бурдаанд.

«Ман намедонам, ки волидонам дар куҷоянд. Аввал онҳо дар Мавсил буданд, баъд ҷанг сар шуда, ман ба Талл-Афар рафтам», – ҳикоят кардааст Оиша.

Ӯ гуфтааст, дар роҳ ба паноҳгоҳ бо зане аз Русия бо ду кӯдакаш шинос шуда, вале дар роҳ зани русиягӣ аз бемории дил ҳалок мешавад.

«Нигоҳубини фарзандони ӯ – Марями 3-сола ва Фуадими 4-моҳаро ман ба уҳдаи худ гирифтам, – хабар медиҳад аз қавли Оиша манбаъ. – Ному насаби модари духтарон номаълум буда, падарашон Самир ном дошт».

То ин замон хабарнигорони RT дар паноҳгоҳ якчанд нафар кӯдакони ятиммондаи русзабонро дарёфта буданд. Миёни онҳо духтаре бо номи Марям низ ҳузур дорад. Дар бораи ӯ дар шабакаи телевизионии Russia Today гузориш пахш шуд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба ҷустуҷӯи пайвандону наздикони ин духтар машғул аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.