Рӯзҳои наздик дар Тоҷикистон босуръат тағйирёбии вазъи обуҳаво ва сардӣ дар назар буда, дар баъзе минтақаҳои боронҳои шадид пешбинӣ мешавад.
Обуҳавошиносон огоҳ мекунанд, ки обуҳавои ноустувор аз пагоҳ оғоз гардида, дар аксари ноҳияҳои кишвар пурзӯр шудани суръати вазиши шамол ва фаромадани чангу ғубор дар назар аст, ки то 29 сентябр идома меёбад.
Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар ин рӯзҳо ҳарорат поин меравад: дар водиҳо шабона ҳарорат то 4-9 дараҷа, рӯзона то 10-15 дараҷа гарм; дар ноҳияҳои кӯҳистон – шабона то -3+2 ва рӯзона то 3-8 дараҷа гарм. Дар чанде аз ноҳияҳо суръати шамоли шимолу ғарбӣ то 15-20 м/с пурзӯр мешавад.
Дар робита ба ворид шудани обуҳавои сард аз самти шимол, дар вилояти Суғд обуҳавои ноустувор ва дар водиҳо аксаран борону дар ноҳияи доманакӯҳ ва баландкӯҳ барфу борон дар назар аст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.


