ВКД наздикони Оишаи дар Ироқ дарёфтшударо меҷӯяд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон пайвандону наздикони Оишаи дар Ироқ дарёфтшударо, ки аз ӯ шаҳрванди Тоҷикистон ном бурда мешавад, ҷустуҷӯ дорад. «ВКД ба ҷустуҷӯи хешону наздикони Оиша ва додарону хоҳаронаш, ки аз тақдирашон мо дирӯз тариқи расонаҳои хабарӣ огоҳ гардидем, оғоз кард. Бо журналиситони русиягӣ, ки дар Ироқ қарор доранду аз ин қазия ба мо хабар […]

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон пайвандону наздикони Оишаи дар Ироқ дарёфтшударо, ки аз ӯ шаҳрванди Тоҷикистон ном бурда мешавад, ҷустуҷӯ дорад.

«ВКД ба ҷустуҷӯи хешону наздикони Оиша ва додарону хоҳаронаш, ки аз тақдирашон мо дирӯз тариқи расонаҳои хабарӣ огоҳ гардидем, оғоз кард. Бо журналиситони русиягӣ, ки дар Ироқ қарор доранду аз ин қазия ба мо хабар доданд, низ адар алоқа ҳастем», – хабар дод ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ.

Ӯ изҳор намуд, ки агар касе аз тоҷикистониён дар бораи Оиша ва хешону наздикони ӯ маълумоте дошта бошад, метавонад тариқи телефонҳои боварӣ – 221-21-21 (мобилӣ – 1919) ба Вазорат хабар диҳад ва агар касе аз хешону наздикон пайдо шавад, аз паноҳгоҳи Ироқ ба ватан баргардонидани онҳо имкон дорад.

Номбурда ҳамчунин хабар дод, ки то ҳол касе аз пайвандону наздикони боз як духтар бо номи Марям, ки ба тасдиқи шабакаи телевизионии Russia Today ӯ ҳам тоҷик аст, пайдо нашудаанд.

Шабакаи телевизионии RT хабар медиҳад, ки Ваколатдори ҳуқуқи кӯдаки Русия ба таҳкиқи қазияи ду кӯдаки бо Оиша дарёфтшуда, ки эҳтимол меравад шаҳрванди Русия ҳастанд, оғоз намудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.   

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.