Кумаки низомиёни рус ба бошандагони хона-интернати «Батош»

Хизматчиёни ҳарбии Русия, ки дар Тоҷикистон адои хизмат мекунанд, ба муносибати Рӯзи байнулмилалии пиронсолон ба аёдати бошандагони хона-интернат барои пиронсолон ва маъюбони «Батош» дар шаҳри Турсунзода рафтанд. Хизматчиёни ҳарбӣ ва аҳли оилаи онҳо собиқадорони ҷангу меҳнатро бо ин сана табрик гуфта, ба онҳо чизҳои мавриди ниёзи аввал, аз қабили сарулибос ва пойафзол, лавозимоти гигиенаи шахсӣ […]

Asia-Plus

Хизматчиёни ҳарбии Русия, ки дар Тоҷикистон адои хизмат мекунанд, ба муносибати Рӯзи байнулмилалии пиронсолон ба аёдати бошандагони хона-интернат барои пиронсолон ва маъюбони «Батош» дар шаҳри Турсунзода рафтанд.

Хизматчиёни ҳарбӣ ва аҳли оилаи онҳо собиқадорони ҷангу меҳнатро бо ин сана табрик гуфта, ба онҳо чизҳои мавриди ниёзи аввал, аз қабили сарулибос ва пойафзол, лавозимоти гигиенаи шахсӣ ва маҳсулоти ғизойӣ тақдим карданд.

Баргузории иқдомҳои башардӯстона барои хизматчиёни ҳарбии рус ва аҳли оилаи онҳо як анъанаи хубе шудааст, ки давоми чандин сол идома дорад. Аз оғози солҳои 90-уми асри гузашта низомиёни рус ин хона-интернатро сарпарастӣ мекунанд.

Шурӯъ аз соли 1991 бо қарори Ассамблеяи генералии СММ ҳамасола санаи 1 октябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи байнулмилалии пиронсолон (International Day of Older Persons) ҷашн гирифта мешавад.

Бино ба маълумоти СММ, айни замон дар саросари дунё қариб 700 млн. нафар шахсони синнашон аз 60-сола боло зиндагӣ доранд. То соли 20150 шумори шахсони синнашон аз 60-сола боло то 2 млрд. нафар расида, беш аз 20%-и аҳолии сайёраро ташкил хоҳад дод.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.