Барои кормандони тиббии Тоҷикистон либоси ягона муқаррар шуд

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо мақсади ба танзим даровардани сарулибоси ягонаи тиббии кормандони муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон либоси ягонаи кормандони ин ниҳодро тасдиқ намуд. Дар сомонаи Вазорат дар ин робита хотиррасон мешавад, ки иқдоми мазкур дар  асоси супориши протоколи ҷаласаи машваратии назди Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди […]

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо мақсади ба танзим даровардани сарулибоси ягонаи тиббии кормандони муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон либоси ягонаи кормандони ин ниҳодро тасдиқ намуд.

Дар сомонаи Вазорат дар ин робита хотиррасон мешавад, ки иқдоми мазкур дар  асоси супориши протоколи ҷаласаи машваратии назди Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Адуҷаббор Раҳмонзода,  тибқи банди 10-и Низомномаи Вазорат, ки бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ шудааст, роҳандозӣ гардид.

Гуфта мешавад, дар асоси ин иқдом сардорони раёсатҳои тандурустии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе, ректорон ва директорони муассисаҳои давлатии таълимии тиббӣ, директорони пажӯҳишгоҳҳо ва муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, сартабибони беморхонаҳои марказии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ вазифадор гардиданд, ки  кормандони худро бо либосҳои ягонаи тиббии тасдиқгардида таъмин намоянд.

Зимнан зикр мегардад, ки иҷрои супориши мазкур зери назорати қатъии роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон қарор дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.