Боз се донишҷӯи мошинсавор аз таҳсил барканор мешаванд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯйхати нави донишҷӯёнеро, ки бо автомашина ба дарсҳо ҳозир шудаанд, нашр кард. Рейди навбатӣ охири моҳи сентябр гузаронида шудааст. Акнун ин донишҷӯёнро хориҷшавӣ аз муассисаҳои таълимӣ интизор аст. Миёни қонуншиканон Раҳимзода Аслиддин  Амирҷон, Донишҷӯи  бахши  3-юми Донишгоҳи  давлатии Аграрии Тоҷикистон, факултаи  боғдорӣ ва биотехникаи кишоварзӣ (ВАЗ-21014), Нурибек Норматов, Донишҷӯи бахши 2-юми […]

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯйхати нави донишҷӯёнеро, ки бо автомашина ба дарсҳо ҳозир шудаанд, нашр кард. Рейди навбатӣ охири моҳи сентябр гузаронида шудааст. Акнун ин донишҷӯёнро хориҷшавӣ аз муассисаҳои таълимӣ интизор аст.

Миёни қонуншиканон Раҳимзода Аслиддин  Амирҷон, Донишҷӯи  бахши  3-юми Донишгоҳи  давлатии Аграрии Тоҷикистон, факултаи  боғдорӣ ва биотехникаи кишоварзӣ (ВАЗ-21014), Нурибек Норматов, Донишҷӯи бахши 2-юми Донишгоҳи  давлатии Аграрии Тоҷикистон, факултаи агробизнес (Ауди-А4) ва Ислом Асролов, Донишҷӯи бахши 2-юми Донишгоҳи давлатии тарбияи ҷисмонӣ ба номи С.Раҳимов, факултаи сайёҳӣ кӯҳӣ (Опел-Астра) ҳузур доранд.

Нимаи моҳи сентябр ВКД Тоҷикистон дар бораи ошкор кардани 5 нафар донишҷӯе, ки бо автомашинаи шахсӣ ба дарс омада буданд, маълумот мунташир карда буд.

Ёдрас мекунем, ки дар Тоҷикистон ба хонандагони мактаб ва донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ ба дарс бо автомашинаи шахсӣ омадан қатъиян манъ аст. Чунин тағйирот ба қонунгузориро парлумон тобистони ҳамин сол қабул кард.

Он замон зимни шарҳи тағйиру иловаҳо ба ин қонун дар парлумон вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид ба вакилон изҳор намуд, ки барои чунин қонуншиканӣ донишҷӯён аз макотиби олӣ ба муҳлати се сол ва толибилмони коллеҷу омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ ва мактабҳо ба муддати як сол аз муассисаҳо хориҷ карда мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.