«Тоҷик Эйр» сабаби таъхири парвозро тариқи хатсайри Душанбе – Маскав шарҳ дод

Мусофироне, ки бояд шоми 3 октябр ба пойтахти Русия парвоз мекарданд, муддати 17 соат парвозро интизор шуданд. «Сабаби ба таъхир афтодани парвози ҳавопаймои бузургтарин дар Тоҷикистон – Boeing 767 –300, ки парвозҳо бо хатсайри Душанбе – Маскав – Душанберо анҷом медиҳад ва бояд шоми дирӯз ба пойтахти Русия парвоз мекард, нуқси техникӣ аст: рӯда (шланг)-и […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Мусофироне, ки бояд шоми 3 октябр ба пойтахти Русия парвоз мекарданд, муддати 17 соат парвозро интизор шуданд.

«Сабаби ба таъхир афтодани парвози ҳавопаймои бузургтарин дар Тоҷикистон – Boeing 767 –300, ки парвозҳо бо хатсайри Душанбе – Маскав – Душанберо анҷом медиҳад ва бояд шоми дирӯз ба пойтахти Русия парвоз мекард, нуқси техникӣ аст: рӯда (шланг)-и низоми гидравликӣ даридааст», – хабар дод ба «Азия-Плюс» Азиз Хайруллоев, котиби матбуотии ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр».

Ба гуфтаи ӯ, рӯдаи дарида аллакай ба наваш иваз шуда, мутахассисон бори дигар ҳавопайморо аз назар гузарониданд ва айни замон он барои парвоз ба Маскав омода мешавад.

«Мусофирони ин хатсайр бо хӯроки гарму об таъмин гардида, ба 124 нафар дар меҳмонхонаи «Душанбе» ҷой дода шуд», – гуфт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки мусофироне, ки бояд аз Маскав ба Душанбе бо ҳавопаймои Boeing 767 –300 парвоз мекарданд, дар меҳмонхонаи Маскав ҷойгир карда шудаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио