Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Date:

АНОНС

– Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати таҷлили ҷашни Рӯзи забон конференсия доир мегардад. Оғоз соати 14:00;

– Дар Ваҳдат барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба дзюдо баргузор мешавад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.7995 сомонӣ;

1 евро – 10.3641 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1502 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи забони давлатӣ.

1963 – Ифтитоҳи Ҳафтаи адабиёти қазоқ дар Тоҷикистон.

2002 – Дар Душанбе нишасти сарони кишварҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ доир гардид.

2004 – Тоҷикистон ба узвияти Интерпол пазируфта шуд.

2011 — Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони бузургтарин масҷид дар паҳнои пасошӯравӣ ҳусни оғоз бахшид.

1908 — Мавлуди олими адабиётшинос Раҳим Ҳошим.

1925-1986 – Зодрӯзи шарқшинос, рассом Ҳасан Иброҳим.

1930 – Мавлуди арбоби давлатӣ, президенти дуюми Тоҷикистон Раҳмон Набиев.

1936 – Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ, профессор Юсуф Нуралиев.

1949 – Мавлуди Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Қурбоналӣ Ёқубов.

1952 – Зодрӯзи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

1953 – Мавлуди Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Саидқул Билолов.

1967 – Зодрӯзи овозхон Фурқати Саид.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +11+16, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +9+14.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +21+26; дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +14+19.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.  

Ҳарорат: дар ғарб шабона +7+12, рӯзона +18+23; дар шарқ шабона 0-5, рӯзона +6+11.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +19+24; дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +12+17. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +21+23.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +14+16.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +24+26.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +21+23.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...