АНОНС
– Дар шаҳри Табрези Эрон дар доираи мусобиқаи давраи интихобии Чемпионати Осиё оид ба футболи хурд (футзал) тими мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи мизбон – тими Эрон бозӣ мекунад.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 8.8003 сомонӣ;
1 евро – 10.3932 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1509 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
2004 — Маросими ботантанаи ифтитоҳи пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон баргузор шуд.
2008 — Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Маркази олмонӣ боз шуд.
1914-1966 – Зодрӯзи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Кенҷабой Мирмуллоев.
1942 – Мавлуди профессор Мавҷуда Абдувалиева.
1943 – Зодрӯзи собиқ раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов.
1951 – Мавлуди нависанда ва журналист Карим Давлат.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +7+12, рӯзона +24+29, дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +15+20.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +27+32; дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +23+28.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.
Ҳарорат: дар ғарб шабона +1+6, рӯзона +18+23; дар шарқ шабона -4-9, рӯзона +6+11.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +26+31; дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +20+25.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +29+31.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +26+28.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +29+31.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +20+22.


