Саҳми муҳоҷирони тоҷик ба ММД Русия ба 17 млрд. доллар расид

Саҳми муҳоҷирони кории тоҷикро дар ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Русия дар соли гузашта дар ҳаҷми қариб 1 млрд. рубл арзёбӣ кардаанд, ки ин беш аз 17 млрд. долларро ташкил медиҳад. «Саҳми муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон дар ММД-и Русия дар соли 2016 наздики 1 триллион рубл ё худ 1,2% аз ҳаҷми умумии онро ташкил дод», […]

Asia-Plus

Саҳми муҳоҷирони кории тоҷикро дар ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Русия дар соли гузашта дар ҳаҷми қариб 1 млрд. рубл арзёбӣ кардаанд, ки ин беш аз 17 млрд. долларро ташкил медиҳад.

«Саҳми муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон дар ММД-и Русия дар соли 2016 наздики 1 триллион рубл ё худ 1,2% аз ҳаҷми умумии онро ташкил дод», – гуфта мешавад дар таҳқиқоти Раёсати таҳлили мушкилоти иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ.

Муаллифони таҳқиқот муқаррар кардаанд, ки маоши муҳоҷирони байнулмилалии корӣ аз музди меҳнати миёнаи моҳонаи шаҳрвандони Русия 20-25% камтар аст, ки аз таъсири начандон назарраси он ба сатҳи пардохти маоши аҳолии маҳаллӣ гувоҳӣ медиҳад.

Зикр мегардад, ки натиҷа ва хулосаҳои таҳқиқотро мақомоти ҳокимияти Тоҷикистону Русия зимни асосноккунӣ ва роҳандозии сиёсати муҳоҷират, таҳияи пешниҳод оид ба такмили минбаъдаи механизмҳои ҳамгиройӣ дар доираи ИДМ ва дигар ҷараёнҳои ҳамгиройӣ дар ин минтақа истифода карда метавонанд.

Натиҷаҳои таҳқиқот зимни кори семинар дар мавзӯи «Таъсири муҳоҷирати кории байнулмилалӣ ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии Русия», ки охири ҳафтаи гузашта дар Душанбе доир гардид, пешкаши умум гардонида шуданд.

Бино ба маълумоти сарчашмаҳои гуногун, айни замон беш аз 1 млн. нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия ҳузур доранд. Соли гузашта муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба ватан наздики 1 млрд. доллар маблағ фиристоданд, ки қариб ба сеяки ММД-и Тоҷикистон дар соли 2016 баробар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.