Соли 2018 афзоиши ҳаҷми ММД ба 8 млрд. 38 млн. сомонӣ дар назар аст

Лоиҳаи қонуни Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2018» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2019-2020-ро имрӯз дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон баррасӣ мекунанд. Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷаласа ҳамчунин лоиҳаи қарзҳои давлатии хориҷии кишвар давоми солҳои 2018-2020 низ […]

Asia-Plus

Лоиҳаи қонуни Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2018» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2019-2020-ро имрӯз дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон баррасӣ мекунанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷаласа ҳамчунин лоиҳаи қарзҳои давлатии хориҷии кишвар давоми солҳои 2018-2020 низ мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки бахши иқтисодии ҳукумат ният дорад, ки нисбат ба ҳаҷми соли равон соли оянда ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дозхилӣ (ММД)-ро ба андозаи 13,6% ё худ 8 млрд. 38 млн. сомонӣ афзоиш диҳад.

Тибқи нақшаи таҳиягарони лоиҳаи қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2018» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2019-2020, ҳаҷми ММД Тоҷикистон дар соли оянда 66 млрд. 866 млн. сомониро ташкил хоҳад дод.

Соли 2017 Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар ҳаҷми ҳудуди 58 млрд. 910 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба ҳаҷми соли пешин (беш аз 53 млрд. 828 млн. сомонӣ) ба андозаи 9,4 фоиз бештар аст.

Тибқи пешгӯии ин бахши ҳукумати кишвар, соли оянда мизони таваррум – 7 фоиз ва солҳои 2019-2020 – 6,8 фоизро ташкил хоҳад дод.

Мувофиқи нақшаи бахши иқтисодии ҳукумати ҷумҳурӣ, соли 2019 ҳаҷми ММД бояд – 73 млрд. 401 млн. сомонӣ ва соли 2020 – 82 млрд. 713 млн. сомониро ташкил диҳад.

Бино ба пешгӯии иқтисодчиён, қурби арзи миллӣ – сомонӣ нисбати доллар дар соли 2018 – 9 сомонӣ барои 1 доллар, соли 2019 – 9,4 сомонӣ ва соли 2020 – 10 сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.