Дар Душанбе дурнамои робитаҳои Тоҷикистону Эрон баррасӣ шуд

Дар Душанбе рӯзи 14 ноябр таҳти раёсати вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ва вазири энергеткаи Эрон Ризо Ардакониён ҷаласаи навбатии Комисиияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ,, илмиву техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон баргузор шуд. Бино ба маълумоти васоити ахбори умуми Эрон, зимни ҷаласа Усмоналӣ Усмонзода ҳамкориҳо бо Эронро самти афзалияноки сиёсати иқтисодии хориҷии […]

Наим Халимов

Дар Душанбе рӯзи 14 ноябр таҳти раёсати вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ва вазири энергеткаи Эрон Ризо Ардакониён ҷаласаи навбатии Комисиияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ,, илмиву техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон баргузор шуд.

Бино ба маълумоти васоити ахбори умуми Эрон, зимни ҷаласа Усмоналӣ Усмонзода ҳамкориҳо бо Эронро самти афзалияноки сиёсати иқтисодии хориҷии Тоҷикистон унвон карда, нақши муҳими нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2»- ро, ки аз ҷониби Эрон сохта шудааст, дар таъмини амнияти энергетикии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ кардааст.

Ӯ ҳамчунин сармоягузориҳои мустақими Эронро барои рушди бахшҳои саноату сохтмон, энергетика васоҳаи кишоварзии Тоҷикистон таъкид намуда, доир ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни кишварҳо ибрози назар кардааст.

Вазири энергетикаи Эрон Ризо Ардакониён Тоҷикистонро «хонаи дуюми эрониҳо» унвон карда, изҳор доштааст, ки ҷаласаи кунунӣ дар остонаи 26-умин солгарди роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ Миёни Эрону Тоҷикистон доир мегардад.

Бо назардошти ин, вазири эронӣ изҳори умедворӣ кардааст, ки масъалаҳои дар ҷаласа баррасишуда ба густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ байни кишварҳо мусоидат хоҳад кард.

Қобили зикр аст, ки тайи солҳои охир муносибатҳо миёни Тоҷикистону Эрон каме ба сардӣ гаравида, ҳамагӣ давоми чанд сол ҳаҷми муомилоти мол миёни кишварҳо аз 230 млн. доллар дар соли 2014 то ба 115 млн. доллар дар соли 2016 коҳиш ёфт.

Тӯли 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Эрон ҳамагӣ 63 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15 фоиз камтар аст. Чанд сол пеш Эрон дар қатори Русия, Чин, Қазоқистон ва Туркия яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дониста мешуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.