Боздошти муфаттишони ноҳияи Ҳамадонӣ ба гумони порагирӣ

Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон муфаттишони Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ҳамадониро ба гумони порагирӣ боздошт намуданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентии зиддифасод, муфаттишон Абдусамад Розиқов ва Шерхон Маҷидов ба як нафар, ки дар дуздӣ гумонбар дониста мешуд, ваъда додаанд, ки парвандаи ҷиноиашро қатъ мекунанд. Гуфта мешавад, маблағи пора 8 […]

Asia-Plus

Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон муфаттишони Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ҳамадониро ба гумони порагирӣ боздошт намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентии зиддифасод, муфаттишон Абдусамад Розиқов ва Шерхон Маҷидов ба як нафар, ки дар дуздӣ гумонбар дониста мешуд, ваъда додаанд, ки парвандаи ҷиноиашро қатъ мекунанд.

Гуфта мешавад, маблағи пора 8 ҳазор сомонӣ муқаррар шуда, муфаттиш Розиқов Абдусамад ҳангоми гирфтани як қисмате аз маблағи пора дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ дастгир ва делели шайъӣ аз ӯ дарёфт шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки вобаста ба ҳолати зикрардида нисбати Абдусамад Розиқов ва ҳаммаслаки ҷиноятии ӯ Шерхон Маҷидов бо моддаи 319 қисми 4 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (гирифтани пора) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.