Пешниҳоди сабти расонаҳои хориҷӣ дар Русия ҳамчун «агенти хориҷӣ»

Дар Думаи давлатии Русия пешниҳод шудааст, то тамоми расонаҳои хориҷие, ки дар ин кишвар фаъолият мекунанд, ҳамчун "агенти хориҷӣ" ба қайд гирифта шаванд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, муовини раиси палатаи поёнии порлумони Русия Петр Толстой гуфтааст, тибқи лоиҳаи қонуни нави кишвар дар бораи ВАО, акнун расонаҳое, ки дар кишвари хориҷӣ сабти […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дар Думаи давлатии Русия пешниҳод шудааст, то тамоми расонаҳои хориҷие, ки дар ин кишвар фаъолият мекунанд, ҳамчун "агенти хориҷӣ" ба қайд гирифта шаванд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, муовини раиси палатаи поёнии порлумони Русия Петр Толстой гуфтааст, тибқи лоиҳаи қонуни нави кишвар дар бораи ВАО, акнун расонаҳое, ки дар кишвари хориҷӣ сабти ном шудаанд, ё аз хориҷ ва ё ба воситаи ширкатҳои русиву бо иштироки хориҷиён сармоягузорӣ мешаванд, ҳамчун агенти хориҷӣ ба қайд гирифта хоҳанд шуд.

Гуфта мешавад, расонаҳое, ки ҳамчун агенти хориҷӣ қайд шудаанд, бояд тибқи талаботи қонун дар бораи созмонҳои ғайритиҷории Русия маҳсулоти худро тамғагузорӣ кунанд.

Толстой изҳор доштааст, ки ҳар расонае, ки аз қайди худ ҳамчун агенти хориҷӣ худдорӣ мекунад, имкони фаъолият дар Русияро аз даст хоҳад дод.

Ба иттилои хабаргузории "Интерфакс" дар Шӯрои ҳуқуқи инсони Русия тағйиру иловаҳоро ба қонун дар бораи агентҳои хориҷӣ посухи аз ҳад зиёд сахт дар "низоми ҷанги сард" номидаанд.

Ин тағйиру иловаҳоро эҳтимол аст, Думаи давлатии Русия 15 ноябр ба тасвиб расонад. Онҳоро кумитаи сиёсати иттилоотии ин кишвар қабул кардааст.

Мақомоти Русия мегӯянд, ин иқдоми онҳо посух ба амали ҳамтоёни амрикоияшон аст, ки мехоҳанд, телевизиони русии RT-ро ҳамчун агенти хориҷӣ ба қайд гиранд.

Дар Департаменти давлатии ИМА гуфтанд, ки қонуни Амрико дар бораи агентҳои хориҷӣ аз гузинаи русӣ ба куллӣ фарқ дошта, ба ҳеч ваҷҳ озодии матбуотро маҳдуд намекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.