Ҳукми 8 соли зиндон ба проректори Донишгоҳи тиббӣ барои порагирӣ

Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе муовини ректор (проректор)-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (ДДТТ) оид ба қисми таълимӣ, доктори илмҳои тиббӣ, мутахассиси урология Дилшод Солеҳовро ба 8 соли зиндон маҳкум кард. Ба гуфтаи Музаффар Абдуллозода, муовини суди ноҳияи Фирдавсӣ муовини ректори донишгоҳ дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 319, қисми 4-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (Гирифтани пора) […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе муовини ректор (проректор)-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (ДДТТ) оид ба қисми таълимӣ, доктори илмҳои тиббӣ, мутахассиси урология Дилшод Солеҳовро ба 8 соли зиндон маҳкум кард.

Ба гуфтаи Музаффар Абдуллозода, муовини суди ноҳияи Фирдавсӣ муовини ректори донишгоҳ дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 319, қисми 4-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (Гирифтани пора) айбдор эътироф шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки ҳамчунин амволи Солеҳов мусодира шуда, боз ӯ ба муддати панҷ сол аз ишғоли вазифаҳои муайян маҳрум карда мешавад.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки Дилшод Солеҳов ба гирифтани пора дар ҳаҷми 16 ҳазор доллар гумонбар дониста шуда, ин маблағро аз падари довталаби аз имтиҳони дохилшавӣ нагузашта бо ваъдаи ба Донишгоҳ қабул кардани писараш ба сифати шаҳрванди Ҳиндустон гирифтааст.

Проректори Донишгоҳи тиббӣ аввали моҳи сентябр боздошт шуда, баъдан ба ивази баёноти тарк накардани маҳалли зист аз ҳабс озод раҳо гардида буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.