Ҳукм нисбати собиқ директори КМТ ва қудояш бетағйир монд

Суди шаҳри Душанбе ҳукми суди ноҳияи Исмоили Сомониро нисбат ба Сайфиддин Назарзода, собиқ директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ) бетағйир боқӣ гузошт. Сайфиддин Назарзода дар риоя накардани талаботи қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон» айбдор дониста шуда, ба маблағи 12 ҳазор сомонӣ (1350 доллар) ҷарима шуда буд. Бахтиёр Насруллоев, адвокати собиқ директори […]

Asia-Plus

Суди шаҳри Душанбе ҳукми суди ноҳияи Исмоили Сомониро нисбат ба Сайфиддин Назарзода, собиқ директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ) бетағйир боқӣ гузошт.

Сайфиддин Назарзода дар риоя накардани талаботи қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон» айбдор дониста шуда, ба маблағи 12 ҳазор сомонӣ (1350 доллар) ҷарима шуда буд.

Бахтиёр Насруллоев, адвокати собиқ директори КМТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки суди шаҳри Душанбе санаи 7 ноябр аризаи шикоятии таҷдиди назари ҳукм аз ҷониби Назарзодаро баррасӣ ва тасмим гирифт, ки қарори суд бетағйир боқӣ гузошта шавад.

«Норозигии аслии мо дар он аст, ки ҳукм ноадолатона аст, – қайд кард адвокат. – Мо пешниҳод кардем, ки навори видео ва аксҳои тӯй дубора санҷида шаванд, одамони ҳузурдошта низ як маротибаи дигар шуморида ва ташхис гузаронида шавад, лекин суд қонеъ кардани дархости моро рад карда, изҳор дошт, ки «пешниҳоди шумо асос надоранд».

Ба гуфтаи адвокат, айни замон «онҳо ният доранд, ки аз болои қарор бо тартиби назоратӣ шикоят бурда, ба суди шаҳри Душанбе шикояти таҷдиди назар пешниҳод кунанд».

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 28 сентябр суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт собиқ мудири Китобхонаи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзодаро барои нақзи қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ба пардохти 12,5 ҳазор сомонӣ (наздики 1,5 ҳазор доллар) ҷарима уҳдадор кард.

Тоҷиддин Ҳабибуллоев, падари зани писараш (қудояш) низ ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд.

Худи собиқ мудири Китобхонаи миллӣ худро айбдор намешуморад ва мегӯяд, парванда сохта ва баррасии он ғайримунсифона сурат гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.