Беш аз 10 млрд. сомонии буҷети соли 2018 ба соҳаи иҷтимоӣ равона мегардад

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2018» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2019-2020-ро қабул кард. Қисмати даромади буҷети давлатӣ барои соли оянда – каме бештар аз 21 млрд. сомонӣ ва қисмати хароҷоти он – зиёда аз 21,3 млрд. сомониро ташкил дода, ҳадди ниҳоии касри буҷет ба […]

Пайрав Чоршанбиев

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2018» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2019-2020-ро қабул кард.

Қисмати даромади буҷети давлатӣ барои соли оянда – каме бештар аз 21 млрд. сомонӣ ва қисмати хароҷоти он – зиёда аз 21,3 млрд. сомониро ташкил дода, ҳадди ниҳоии касри буҷет ба 0,6% ва Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 334 млн. сомонӣ баробар аст.

Зимни суханронӣ назди вакилон вазири молияи ҷумҳурӣ Абдусалом Қурбониён қайд кард, ки чун солҳои пешин буҷети имсола низ хусусияти иҷтимоӣ дорад.

Ба гуфтаи ӯ, ҳудуди нисфи хароҷоти буҷет – беш аз 10 млрд. сомонӣ ба соҳаи иҷтимоӣ равона мегардад.

Дар буҷети соли оянда қурби пули миллӣ нисбати доллари МА – 9 сомонӣ (1 доллар), афзоиши иқтисод – 7% ва таваррум – дар сатҳи 7 фоиз пешбинӣ шудааст.

Ҳаҷми Буҷети давлатии Тоҷикистон дар соли равон зиёда аз 19,6 млрд. сомониро ташкил дод. Аз ба кадом соҳаҳо равона шудани мабалғҳои буҷет аз инфографика маълумоти бештар дарёфт мекунед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.