Дарёфти маводи таркандаи коршоям дар Панҷакент

Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар қаламрави шаҳри Панҷакент наздики 5 кило маводи таркандаи тротил дарёфт карданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентӣ, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ кормандони ин ниҳод дар водии Зарафшон дар зери сангҳои куҳӣ дар наздикии кули Ҳушёрӣ деҳаи Рашнаи болои ҷамоати деҳоти Шинги шаҳри Панҷакент […]

Asia-Plus

Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар қаламрави шаҳри Панҷакент наздики 5 кило маводи таркандаи тротил дарёфт карданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентӣ, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ кормандони ин ниҳод дар водии Зарафшон дар зери сангҳои куҳӣ дар наздикии кули Ҳушёрӣ деҳаи Рашнаи болои ҷамоати деҳоти Шинги шаҳри Панҷакент як адад борхалтаи сафед дарёфт кардаанд.

Гуфта мешавад, зимни азназаргузаронӣ дар дохили борхалтаи мазкур ба миқдори 4750 грамм маводи таркандаи тамғаи тратил, 20 адад пистонҳои таркишдиҳанда ва ду адад ресмонҳои таркишдиҳанда дарёфт гардида, тибқи маълумотномаи экспертӣ, маводҳои дарёфтшуда дар ҳолати коршоямӣ қарор доранд.

Зимнан зикр мегардад, ки вобаста ба ҳолати зикргардида маводҳои лозимӣ ҷамъоварӣ карда шуда, айни замон санҷиш идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.