АНОНС
– Дар Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ ҷашн гирифта шуда, дар шаҳри Душанбе чорабиниҳои оммавӣ-варзишӣ аз рӯи намуди машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ, марафони велосипедронӣ ва дави миллӣ баргузор мешаванд;
– Дар Маркази «Вефа» маросими тақдими ҷоизаҳои ғолибони озмуни иншо ва аксҳои беҳтарин «Ман бо духтарам ифтихор дорам» доир мегардад. Оғоз соати 16:00;
– Дар Маркази илму фарҳанги Русия дар шаҳри Душанбе шоми эҷодиёти Темур Зулфиқоров ва муаррифии нашри нави романи ӯ баргузор мешавад.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 8.8177 сомонӣ;
1 евро – 10.4454 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1495 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
1986 — Ҳавопаймои ТУ-154М бори нахуст ба фурудгоҳи Душанбе нишаст.
1991 – Маъракаи нахустини интихоботи умумихалқии президенти ҶТ доир гардид. Раҳмон Набиев сарвари давлат интихоб шуд.
1992 – Қонунҳо «Дар бораи нишони давлатии ҶТ» ва «Дар бораи Парчами давлатии ҶТ» қабул шуданд
2009 — Дар Тоҷикистон бори нахуст ҷашни Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон таҷлил гардид.
2013 — Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатиро бо веломарафон ҷашн гирифтанд.
1939-1984 – Зодрӯзи олими адабиётшинос Назира Қаҳҳорова.
1942 – Мавлуди Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Сайрам Исоева.
1947 – Зодрӯзи нависанда ва журналист, сардабири ҳафтавори «Курер Таджикистана» Муҳаммадҷон Тоштемиров.
1950 – Мавлуди журналист Шаҳбозхон Саркориев.
1962 – Зодрӯзи иқтисодчӣ Комил Шарифов.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +13+18, дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +8+13.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +19+24; дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +17+22.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.
Ҳарорат: дар ғарб шабона -3-8, рӯзона +7+12; дар шарқ шабона -14-19, рӯзона -4+1.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона +18+23; дар доманакӯҳҳо шабона -2+3, рӯзона +11+16.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +20+22.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +14+16.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +21+23.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона -4-6, рӯзона +7+9.


