Шабакаҳои барқи Хуҷанд бе назоратчӣ мемонанд

Шумори назоратчиёни Шабакаҳои барқи Хуҷанд тақрибан ба миқдори 90 фоиз ихтисор шуда, боқимондаҳоро низ ояндаи наздик ихтисор мекунанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ширкати «Барқи тоҷик», назоратчиён дар доираи амалисозии лоиҳаи «Коҳиши талафоти нерӯи барқ дар Суғд» ихтисор шудаанд. «Дар амал татбиқ шудани ин лоиҳа омили дахолати инсонро ба ҳисобу пардохти барқ батадриҷ барҳам дода, натиҷагирии […]

Шумори назоратчиёни Шабакаҳои барқи Хуҷанд тақрибан ба миқдори 90 фоиз ихтисор шуда, боқимондаҳоро низ ояндаи наздик ихтисор мекунанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ширкати «Барқи тоҷик», назоратчиён дар доираи амалисозии лоиҳаи «Коҳиши талафоти нерӯи барқ дар Суғд» ихтисор шудаанд.

«Дар амал татбиқ шудани ин лоиҳа омили дахолати инсонро ба ҳисобу пардохти барқ батадриҷ барҳам дода, натиҷагирии масрафи барқро пурра автоматӣ менамояд, – омадааст дар маълумот. – Ин аст, ки дар шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд шумораи нозирон ва назоратчиён аз 97 нафар ба 9 нафар расонида шуд, ки нафарони мазкур низ пас аз анҷоми пурраи татбиқи лоиҳа ихтисор карда мешаванд».

Гуфта мешавад, аз ҳисоби кам шудани маоши нозирон ва назоратчиён, инчунин пардохтҳои ба онҳо алоқаманд дар шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд дар як сол маблағи 1 млн 431 ҳазору 636,98 сомонӣ сарфа шуд.

Ғайр аз ин, амалисозии ин лоиҳа имкон дод, ки дар шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд дар нимсолаи 2017 нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 (пеш аз оғози татбиқи лоиҳа) сатҳи ҷамъоварии маблағ аз 94 ба 101,4% расонида шуд, талафоти неру аз 18,4% ба 12,8% (дар минтақаҳои алоҳида ба 5,9%–8,6%) расонида шуд, ки нисбат ба солҳои гузашта ба 6-12% камтар мебошад.

Дар ширкат қайд мекунанд, ки  баробари татбиқи лоиҳа шикояту эродҳо аз муштариёни барқ, алалхусус муштариёни маишӣ оид ба қатъшавии барқ ва дигар масъалаҳои ба шабакаҳои барқӣ алоқаманд қариб пурра барҳам хӯрдаанд.

«Ба ҳисоби умумӣ, пас аз татбиқи лоиҳа, аз ҳисоби натиҷаҳои зикршуда танҳо дар нимсолаи аввали соли 2017 нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 (пеш аз оғози татбиқи лоиҳа) дар шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд 9 млн 989 ҳазору 183, 21 сомонӣ сарфа гаштааст», – зикр мегардад дар маълумоти ширкат.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳадафи асосии лоиҳаи «Кам намудани талафоти нерӯ дар Суғд», ки бо маблағи 35,8 миллион доллари амрикоӣ бо дастгирии молиявии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки сармоягузории Аврупо ва Комиссияи аврупоӣ татбиқ мегардад, сарфаи барқ, кам намудани талафоти техникӣ ва тиҷоратии нерӯи барқ, ба танзим даровардани пардохти ҳаққи барқи истифодашуда тавассути қисман таҷдид намудани шабакаҳои барқӣ, ҷорӣ намудани низоми баҳисобгирии биллингӣ, инчунин насбу васли ҳисобкунакҳои барқии электронӣ мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.