Эътимоди ҳамагӣ 3%-и русиягиҳо ба Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев

Миёни сарони кишварҳои ИДМ русиягиҳо бештар ба Александр Лукашенок (62%) ва Нурсултон Назарбоев (56%) ва аз ҳама камтар ба Шавкат Мирзиёев (3%), Эмомалӣ Раҳмон ва Пётр Порошенко (1%) бовар доранд. Собиқ президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбоев ба 5% (назарсанҷӣ нимаи моҳи ноябр, то сари мансаб омадани президенти нави Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков гузаронида шудааст) ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаамедов […]

Asia-Plus

Миёни сарони кишварҳои ИДМ русиягиҳо бештар ба Александр Лукашенок (62%) ва Нурсултон Назарбоев (56%) ва аз ҳама камтар ба Шавкат Мирзиёев (3%), Эмомалӣ Раҳмон ва Пётр Порошенко (1%) бовар доранд.

Собиқ президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбоев ба 5% (назарсанҷӣ нимаи моҳи ноябр, то сари мансаб омадани президенти нави Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков гузаронида шудааст) ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаамедов ба 4% эътимоди мардуми Русия соҳиб шудаанд.

Ин натиҷаҳо аз назарпурсии ҳамасолаи иҷтимоии Маркази омӯзиши афкори умуми Русия (ВЦИОМ) таҳти унвони «Шарикони Русия дар паҳнои пасошӯравӣ» ба даст оварда шудааст.

Ба русиягиҳо доир ба баҳогузорӣ ба муваффақии кишварҳои ИДМ, кадоме аз онҳоро шарики Русия дидан мехоҳанд, дар куҷо аз ҳама хубтар ҳуқуқҳои аҳолии русзабон риоя мешаванд ва ба кадоме аз сарони кишварҳо онҳо бештар бовар доранд, саволҳо пешниҳод шуданд.

Барои русиягиҳо Беларус ва Қазоқистон кишварҳои аз ҳама бештар босубот ва муваффақ, қобили эътимод ва шарикони хуб боқӣ мемонанд. Беларусро ба сафи кишварҳои бештар муваффақи ИДМ 60%-и пурсидашудагон (соли 2016 – 68%), Қазоқистонро – 42% (соли 2016 – 51%) шомил кардаанд. Ба панҷгонаи аввал ҳамчунин Арманистон – 16%, Озарбойҷон – 14% ва Гурҷистон – 10% низ ҷойгир шудаанд.

Беларус (64%) ва Қазоқистон (57%)-ро русиягиҳо шарикони асосии Русия дар арсаи ҷаҳонӣ медонанд (аз кишварҳои ИДМ).

Аз лиҳози таъмини ҳуқуқҳои аҳолии русзабон низ Беларус (66%) ва Қазоқистон (38%) пешсафанад. Нишондиҳандаҳои дигар кишварҳо нисбатан камтар аст: Арманистон (11%), Озарбойҷон (6%), Молдова (6%), Гурҷистон (6%), Қирғизистон (5%), Ӯзбекистон (5%), Украина (5%), Тоҷикистон (4%), Туркманистон(2%).

Назарпурсии Маркази омӯзиши афкори умуми Русия тариқи телефон байни 1200 нафар дар минтақаҳои гуногуни Русия гузаронида шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.