Алоқамандии соҳибкорони Қатар ба рушди ҳамкориҳо бо Тоҷикистон

Сафири Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода бо раиси Шӯрои мудирони ширкати «Файсал Ҳолдинг» – Раиси Анҷумани соҳибкорони Қатар Шайх Файсал бин Қосим Оли Сонӣ мулоқот намуд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти суҳбат масоили таҳкими робитаҳои соҳибкорони ду кишвар ва роҳандозии содироти маҳсулоти ширкату корхонаҳои Тоҷикистон ба Қатар баррасӣ шуданд. Гуфта […]

Asia-Plus

Сафири Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода бо раиси Шӯрои мудирони ширкати «Файсал Ҳолдинг» – Раиси Анҷумани соҳибкорони Қатар Шайх Файсал бин Қосим Оли Сонӣ мулоқот намуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти суҳбат масоили таҳкими робитаҳои соҳибкорони ду кишвар ва роҳандозии содироти маҳсулоти ширкату корхонаҳои Тоҷикистон ба Қатар баррасӣ шуданд.

Гуфта мешавад, раиси Анҷумани соҳибкорони Қатар ҷаззобияти сармоягузорӣ ва тавсеаи зарфиятҳои иқтисодии Тоҷикистонро барои фаъол намудани равобити дуҷониба ва байниминтақавӣ махсус қайд кард. 

Шайх Файсал Оли Сонӣ изҳор намуд, ки соҳибкорони Қатар ба рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, нақлиёт, логистика, саёҳат ва сохтмони меҳмонхонаҳо алоқамандии зиёд доранд.

Дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо баргузор намудани вохӯрии соҳибкорони Тоҷикистон ва Қатарро дар наздиктарин фурсат зарур шумориданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.