Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Аз 6 декабр дар Театри давлатии акдемии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба муносибати 100-солагии оҳангсоз Сулаймон Юдаков намоиши опереттаи «Проделки Майсары» оғоз мегардад. Оғоз соати 16:00; – Дар суди ноҳияи Синои пойтахт оид ба пардохти ҷуброни зиён барои тафтиши ғайримунсифонаи парвандаи марбут ба марги Умар Бобоҷонови 23-сола мурофиа доир мегардад; […]

Asia-Plus

АНОНС

– Аз 6 декабр дар Театри давлатии акдемии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба муносибати 100-солагии оҳангсоз Сулаймон Юдаков намоиши опереттаи «Проделки Майсары» оғоз мегардад. Оғоз соати 16:00;

– Дар суди ноҳияи Синои пойтахт оид ба пардохти ҷуброни зиён барои тафтиши ғайримунсифонаи парвандаи марбут ба марги Умар Бобоҷонови 23-сола мурофиа доир мегардад;

– Дар Душанбе ба муносибати гиромидошти хотираи футболбози маъруфи дастаҳои «Вахш», «Ирригатор» ва «Помир» Александр Кирсанов мусобиқаи зимистонаи 26-ум оид ба футзал шурӯъ мешавад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8214 сомонӣ;

1 евро – 10.4516 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1498 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2002 — Бонки ҷаҳонӣ бори нахуст дар бораи ҷудо кардани грант ба маблағи 800 000 доллар барои амалисозии барномаи коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар Душанбе қарор қабул кард.

2010 — Дар Душанбе миёни Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия аз рӯи се самти ҳамкорӣ созишнома ба имзо расид.

1925 – Зодрӯзи устоди рақс Ҳоҷиумар Қосимов.

1930 – Мавлуди ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон Бобохон Иномов.

1931 – Зодрӯзи Ҳофизи халқии Тоҷикистон, иҷрокунандаи сурудҳои мардумӣ Ризвоншо Игмолшоев.

1940 – Мавлуди директори Китобхонаи миллии ҶТ ба номи Абулқосим Фирдавсӣ (солҳои 1987-1988) Соҳибназар Ғоибназаров.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, баъзан туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1-6, рӯзона -1+4, дар доманакӯҳҳо шабона -11-16, рӯзона -2-7.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1-6, рӯзона +2+7; дар доманакӯҳҳо шабона -7-12, рӯзона -2+3.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.  

Ҳарорат: дар ғарб шабона -4-9, рӯзона -1+4; дар шарқ шабона -18-23, рӯзона -6-11.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, баъзан туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1-6, рӯзона +1+6; дар доманакӯҳҳо шабона-5-10, рӯзона -1-6.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -5-7, рӯзона +4+6.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас, туман.

Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона -1+1.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +4+6.  

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -4-6, рӯзона +2+4.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.