Имзои беш аз 40 қарордоди содиротӣ миёни Ӯзбекистону Афғонистон

Зимни сафари расмии президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба Ӯзбекистон миёни кишварҳо 20 санади ҳамкорӣ ба имзо расид. Бино ба иттилои CA-News, байни давлатҳо санадҳои таъсиси комиссияи муштарак оид ба масоили амният, мусоидати ҳуқуқӣ ба парвандаҳои шаҳрвандӣ, оилавӣ ва ҷиноӣ, сохтмони хати интиқоли барқи «Сурхон – Пули Хумрӣ» ва роҳи оҳани «Мазори Шариф – Шибирғон […]

Asia-Plus

Зимни сафари расмии президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба Ӯзбекистон миёни кишварҳо 20 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

Бино ба иттилои CA-News, байни давлатҳо санадҳои таъсиси комиссияи муштарак оид ба масоили амният, мусоидати ҳуқуқӣ ба парвандаҳои шаҳрвандӣ, оилавӣ ва ҷиноӣ, сохтмони хати интиқоли барқи «Сурхон – Пули Хумрӣ» ва роҳи оҳани «Мазори Шариф – Шибирғон – Маймана – Ҳирот», ҳамчунин ҳамкорӣ дар соҳаи ҳамлу нақли бору маҳсулот ва бахши гумрук ба тасвиб расиданд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни сафар ҳамчунин миёни кишварҳо ба маблағи зиёда аз 500 млн. доллар беш аз 40 қарордоди содиротӣ низ ба имзо расида, мутобиқи он Ӯзбекистон ба Афғонистон нерӯи барқ, маҳсулоти кишоварзӣ ва дорусозӣ, масолеҳи сохтмон, воситаҳои нақлиёт ва ғайра содирот мекунад.

Дар мулоқот бо намояндагони ВАО таъкид шуд, ки санадҳои баимзорасида ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳо миёни кишварҳо мусоидат хоҳанд кард. Сафари президенти Афғонистон ба Ӯзбекистон идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.