Мусодираи телефонҳои мобилӣ ба маблағи қариб 30 ҳазор доллар

Телефонҳои мобилии гаронарзиш дар маркази савдои «Тоҷикистон» мусодира шуданд. Кормандони Раёсати хадамоти гумруки шаҳри Душанбе беш аз 90 адад телефонҳои мобилии гаронарзишро аз фурӯши ғайриқонунӣ дар маркази савдои Тоҷикистон мусодира намуданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ, арзиши умумии моли мусодирашуда қариб 30 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Гуфта мешавад, ба гумони […]

Asia-Plus

Телефонҳои мобилии гаронарзиш дар маркази савдои «Тоҷикистон» мусодира шуданд.

Кормандони Раёсати хадамоти гумруки шаҳри Душанбе беш аз 90 адад телефонҳои мобилии гаронарзишро аз фурӯши ғайриқонунӣ дар маркази савдои Тоҷикистон мусодира намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ, арзиши умумии моли мусодирашуда қариб 30 ҳазор долларро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, ба гумони даст доштан дар ин амал шаҳрванд Ҳ.Ш. боздошт шудааст, ки автомашинаи сабукравро дар саҳни ҳавлии маркази савдои «Тоҷикистон» ҷойгир намуда, бидуни ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда пинҳонӣ аз дохили автомашина барои мизоҷон телефонҳои мобилии гаронарзишро гирифта, дар маркази савдои номбурда ба фурӯш мебаровардааст.

«Ҳангоми гузаронидани муоинаи гумрукӣ аз дохили автомашинаи мазкур ба миқдори умумии 92 адад телефонҳои гаронарзиши тамғаҳои GALAXY ва HUAWEI дарёфт ва гирифта шуд», – омадааст дар маълумот.

Қайд мешавад, ки мутобиқи маълумотномаи Шуъбаи пардохтҳои гумрукӣ ва назорати арзии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе арзиши гумрукии телефонҳо 251 ҳазору 262 сомонӣ (наздики 30 ҳазор доллар)-ро ташкил медиҳад.

Зимнан зикр мегардад, ки доир ба ҳолати мазкур маводҳо дар истеҳсолоти корӣ ва мавриди чораҷӯӣ ҷиҳати таъмини ҷазои маъмурӣ қарор дорад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.