Падари Хайрулло Мирсаидов: Писарамро ҳамагӣ як бор дидам

Date:

Аз боздошти роҳбари КВН Тоҷикистон Хайрулло Мирсаидов як моҳ сипарӣ шуд. Айни замон ӯ дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Хуҷанд қарор дорад.

Ҳабибулло Мирсаидов, падари Хайрулло Мирсаидов изҳор мекунад, ки аз змони боздошт бо писараш танҳо як маротиба вохӯрдааст.

Ӯ ба «Азия-Плюс» хабар дод, ки тафтишоти парванда нисбати писараш айни замон идома дошта, «ин моҳ ба ман танҳо як маротиба иҷозат доданд, ки бо писарам дидорбинӣ кунам».

Ба гуфтаи ӯ, адвокати писараш тез-тез бо ӯ вохӯрда, писараш чун пешин гуноҳашро эътироф намекунад ва тафтишоти мунсифонаро интизор аст.

Ёдрас мекунем, ки Хайрулло Мирсаидов санаи 5 декабр аз ҷониби прокуратураи вилояти Суғд боздошт ва санаи 8 декабр нисбати ӯ бо чор моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – «азхудкунӣ ва сарфи маблағҳо», «барангехтани адовати милливу нажодӣ ва динӣ», «тақаллуби санадҳо» ва «дидаву дониста додани иттилои бардурӯғ» парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...