Дипломати тоҷик дар ҳузури вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон

Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов имрӯз сафирони Қирғизистон – Дониёр Сиддиқов, Тоҷикистон – Содиқ Имомӣ, Турманистон – Шири Шириев ва кордори муваққатии Қазоқистон дар ин кишвар Мурсал-Набӣ Туякбоевро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон, вазир ба роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои Осиёи Марказӣ доир ба пешниҳодҳои амалисозии ташаббусҳо бобати рушди ҳамкории […]

Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов имрӯз сафирони Қирғизистон – Дониёр Сиддиқов, Тоҷикистон – Содиқ Имомӣ, Турманистон – Шири Шириев ва кордори муваққатии Қазоқистон дар ин кишвар Мурсал-Набӣ Туякбоевро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон, вазир ба роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои Осиёи Марказӣ доир ба пешниҳодҳои амалисозии ташаббусҳо бобати рушди ҳамкории бисёрҷабҳаи кишварҳои минтақа, ки аз ҷониби президенти Ӯзбекистон моҳи сентябр дар Маҷмааи Умумии СММ дар Ню-Йорк ва конфронси байнулмилалӣ дар Самарқанд садо доданд, муафассал маълумот дод.

Гуфта мешавад, дар вохӯрии роҳбари идораи сиёсати хориҷии Ӯзбекистон бо дипломатҳои минтақа ҳамчунин доир ба масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн низ табодули назар сурат гирифт.

Ёдрас мекунем, ки зимни суханронӣ дар конфронси байнулмилалӣ дар Самарқанд президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзёев изҳор намуд, ки мардуми минтақаи Осиёи Марказиро  робитаҳои ҳазорсолаи бародариву ҳамҷаворӣ ба ҳам пайвастааст.

«Ояндаи минтақа бо беш аз 70 млн. нафар аҳолиро ҳар кадоме аз кишварҳои минтақа ташаккул дода, омодагӣ ва майли самимӣ ба ҳамкорӣ, ҳамчунин масъулиятшиносии тамоми кишварҳои минтақа ба ояндаи умумӣ – таҳкурсии қавӣ ва кафолати рушди устувор ва пешрафти он шуда метавонанд», – гуфта буд Мирзиёев.

Дар Маҷмааи Умумии СММ дар Ню-Йорк моҳи сентябр Шавкат Мирзиёев қайд кард, ки афзалияти асосии сиёсати хориҷии Ӯзбекистонро имрӯз минтақаи Осиёи Марказӣ муайян мекунад ва кишвараш ба муколама, ҳамкории созанда ва таҳкими ҳамҷаворӣ бо кишварҳо омода аст.

«Бидуни истисно дар ҳама масъалаҳо мо ба созишҳои оқилона бо кишварҳои Осиёи Марказӣ омодаем. Ба туфайли талошҳои муштарак тайи чанд моҳи охир сатҳи эътимоди сиёсӣ хеле боло рафта, аз рӯи бисёр масъалаҳо қарорҳои муҳиму усулӣ қабул шуданд», – таъкид дошта буд Шавкат Мирзиёев.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.