Омодагии Китобхонаҳои миллии Тоҷикистону Миср ба ҳамкорӣ

Сафири Тоҷикистон дар Қоҳира Хусрав Нозирӣ бо раиси Шӯрои мудирони Китобхона ва бойгонии миллии Миср Аҳмад Шавкӣ дидору гуфтугӯ намуд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар мулоқот масъалаҳои барқарор намудан ва густариш додани ҳамкорӣ байни китобхонаҳову марказҳои дастхатҳои ду кишвар меҳвари баррасӣ шуда, Аҳмад Шавкӣ пешниҳод намуд, ки байни Китобхона ва бойгонии миллии […]

Сафири Тоҷикистон дар Қоҳира Хусрав Нозирӣ бо раиси Шӯрои мудирони Китобхона ва бойгонии миллии Миср Аҳмад Шавкӣ дидору гуфтугӯ намуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар мулоқот масъалаҳои барқарор намудан ва густариш додани ҳамкорӣ байни китобхонаҳову марказҳои дастхатҳои ду кишвар меҳвари баррасӣ шуда, Аҳмад Шавкӣ пешниҳод намуд, ки байни Китобхона ва бойгонии миллии Миср ва ниҳодҳои ҳамтои он дар Тоҷикистон ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо  расад.

Зикр мегардад, ки Китобхонаи миллии Миср бо фармони Хидев Исмоил 23 марти 1870 ба манзури ҳифзи дастхатҳои арабӣ ва шарқӣ таъсис ёфта буд. Ҳоло дар Китобхонаи мазкур беш аз 57 ҳазор дастхати гаронбаҳо нигаҳдорӣ мешавад.

Дар Китобхона ганҷинаи дастхатҳои форсӣ-тоҷикӣ ҷойгоҳи вежа дорад, ки теъдоди он тақрибан ба 10 ҳазор дастхат мерасад. Дар миёни онҳо 71 дастхати нодири форсӣ-тоҷикии мусавварҳастанд, ки таърихи китобат ва тасвири онҳо қарнҳои XIV ва XIX мелодиро фаро мегирад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...