Нигаронии ИМА аз вазъи озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон

Дар гузориши нави вазорати умури хориҷии Амрико вазъи озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон нигаронкунанда гуфта шуда, Тоҷикистон ба феҳристи "кишварҳои махсусан нигаронкунанда", ворид карда шудааст. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ бо истинод ба ин гузориш, ки рӯзи панҷшанбеи 4-уми январ мунташир шуд, дар баробари Тоҷикистон ҳамчунин 9 кишвари дигар – Мянмар, Эрон, Кореяи Шимолӣ, Узбакистон, Арабистони […]

Радиои Озодӣ

Дар гузориши нави вазорати умури хориҷии Амрико вазъи озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон нигаронкунанда гуфта шуда, Тоҷикистон ба феҳристи "кишварҳои махсусан нигаронкунанда", ворид карда шудааст.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ бо истинод ба ин гузориш, ки рӯзи панҷшанбеи 4-уми январ мунташир шуд, дар баробари Тоҷикистон ҳамчунин 9 кишвари дигар – Мянмар, Эрон, Кореяи Шимолӣ, Узбакистон, Арабистони Саудӣ, Туркманистон, Эритрея, Судон ва Чин низ шомил шудаанд. Покистон дар феҳристи "назорати вижа" гунҷонида шудааст.

Гуфта мешавад, аз нигоҳи Амрико ва ғарбиён воқеан дар Тоҷикистон маҳдудиятҳои зиёди динӣ вуҷуд дорад ва манъи вуруди ҷавонони то 18-сола ва занҳо ба масҷид, пӯшидани либоси мазҳабӣ ва доштани риш аз намунаи чунин маҳдудиятҳо мебошад».

Зикр мегардад, ки ҳамон тавре ки дар гузашта мақомот танқиди созмонҳои байналмилаливу давлатҳои хориҷиро аз маҳдуд шудани озодиҳо, аз ҷумла озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон рад кардаанд, ин навбат низ масъулини дин бо интиқодҳои Вазорати умури хориҷии Амрико розӣ нестанд.

Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи корҳои дин, танзиму анъана ва маросимҳои Тоҷикистон гуфтааст, ин гузориш бар пояи ахбори расонаҳо таҳия шудааст ва аз воқеият дур мебошад.

«Ҳоло мутахассисони ин ниҳод матни пурраи ин гузоришро мавриди омӯзиш қарор дода, сипас расман вокуниши худро эълон мекунанд, – афзудааст номбурда. – Дар гузоришҳои Амрико ҳамвора аз Тоҷикистон беасос ба унвони кишвари маҳдудкунандаи озодиҳои мазҳабӣ ном бурда мешавад, вале дар асл ин тавр нест».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.