Ҳукумат 18 январ аз нишондиҳандаҳои соли 2017 натиҷагирӣ мекунад

Дар ҷаласаи васеи ҳукумати Тоҷикистон санаи 18 январ аз нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ дар соли 2017 натиҷагирӣ шуда, нақшаҳои рушди кишвар дар соли 2018 муайян карда мешаванд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар ҷаласа таҳти раёсати презиенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон шунидану баррасӣ ва таҳлили ҳисоботҳои роҳбарони вазорату идораҳо, […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар ҷаласаи васеи ҳукумати Тоҷикистон санаи 18 январ аз нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ дар соли 2017 натиҷагирӣ шуда, нақшаҳои рушди кишвар дар соли 2018 муайян карда мешаванд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар ҷаласа таҳти раёсати презиенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон шунидану баррасӣ ва таҳлили ҳисоботҳои роҳбарони вазорату идораҳо, раисони шаҳру навоҳӣ, ҳамчунин роҳбарони марказҳои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бораи корҳои иҷрошуда дар назар аст.

Бино ба гуфтаи манбаъ, дар ин ҷаласаи ҳукумат ба масоили афзоиши маҳсулоти воридотивазкунанда, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар кишвар, ҷалби сармоягузориҳои мустақими дохилӣ ва хориҷӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки маъмулан аз рӯи чунин ҷаласаҳо бо дастури президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати раҳбарии вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо тағйироти кадрӣ сурат мегирад.

Аммо, ба ақидаи коршиносон, воқеияти имрӯзаи Тоҷикистн чунин аст, ки барои тағйироти кадрӣ ба президент мунтазир шудани ҷаласаи ҷамъбастӣ зарурат надорад. Мувофиқи ҳуқуқҳои конститутсионии худ, президенти Тоҷикистон дар ҳама гуна вақт метавонад дар сохтори ҳукумат, ҳайати раҳбарии вазорату идораҳо ва мақомоти ҳокимияти давлатии минтақаҳо тағйироти кадрӣ анҷом диҳад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.