Президенти Қирғизистон бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд

Президенти Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков ба наздикӣ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Дар ин бора дар барқияи табрикии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Сооронбой Жеенбеков ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар сухан меравад. «Итминон дорам, ки сафари расмии қарибулвуқӯи Шумо ба Тоҷикистон ба ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишвар такони тоза […]

Asia-Plus

Президенти Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков ба наздикӣ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Дар ин бора дар барқияи табрикии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Сооронбой Жеенбеков ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар сухан меравад.

«Итминон дорам, ки сафари расмии қарибулвуқӯи Шумо ба Тоҷикистон ба ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишвар такони тоза бахшида, сатҳи онҳоро мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони мо ба зинаҳои нави баландтар хоҳад бурд», – қайд мешавад дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон, ки дар сомонаи расмии Президенти ҶТ интишор шудааст.

Дар барқия зикр мегардад, ки тайи давраи сипаришуда ҷонибҳо бо саъю талошҳои муштарак ҷиҳати густариши ҳамдастиашон дар ҳама самтҳои калидии ҳамкорӣ натиҷаҳои хубро ба даст оварда, ин омил имкон дод, ки заминаи ҷиддии таъмиқи муносибатҳои шарикии судманди Тоҷикистон ва Қирғизистон фароҳам оварда шавад.

«Ба Шумо, муҳтарам Сооронбой Шарипович, тансиҳатии комил, саодатмандӣ ва ба манзури шукуфоии Қирғизистон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои муайяншудаатон комёбиҳо ва ба мардуми дӯсти он сулҳу амонӣ ва рафоҳат орзумандам», – омадааст дар фарҷоми барқияи Президенти Тоҷикистон.

Дар барқияи ҷавобӣ Президенти Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков ба Эмомалӣ Раҳмон сиҳатмандии комилу комёбиҳо дар фаъолияти давлатӣ ва ба мардуми Тоҷикистон рафоҳ ва сулҳу шукуфоӣ таманно кардааст.

«Тайи чоряк асре, ки аз истиқрори робитаҳои дипломатӣ сипарӣ шудааст, ҳамкориҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон дар асоси усули эҳтироми мутақобила,  ҳамҷавории нек, риштаҳои таърихан ташаккулёфтаи дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум байни мардумони мо таҳким ва густариш ёфтаанд», – омадааст дар барқияи Сооронбой Жеенбеков

Сарвари ҳамсоякишвар зикр кардааст, ки миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон муносиботи пойдор роҳандозӣ гардида, таҷрибаи назарраси ҳамдастӣ дар самтҳои мухталиф андӯхта шудааст ва кишварҳо ҳамчунин дар чорчӯби ИДМ, СММ, СҲШ, СААД ва дигар сохторҳои бисёрҷониба ҳамкории фаъол доранд.

«Таҷрибаи хуби ҳамкории дуҷонибаи мо бар манфиати мардумони кишварҳои мо ва ба хотири таҳкими суботу амният дар минтақа ба рушди минбаъдаи муносибатҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард», – изҳори итминон кардааст Сарвари давлати Қирғизистон.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.