Омбудсмен доир ба ҷорӣ шудани «рӯйхати қарздорон» дар Тоҷикистон

Ваколатдори ҳуқуқи инсон (омбудсмен)-и Тоҷикистон Зариф Ализода бар ин назар аст, ки барои ҳалли масъалаи иҷро нашудани қарорҳои суд ҷорӣ кардани рӯйхати қарздорон зарур аст, ки бештар ба масъалаи ҷуброни зиёни молӣ дахл дорад. «Дар иҷрои қарорҳои судӣ мушкилоти зиёд ҷой дорад. Қаблан судиҷрочиён ба мақомоти судӣ тобеъ буданд, ҳозир бошад, ба Вазорати адлия. Аз […]

Акмал Маннонов, Asia-Plus

Ваколатдори ҳуқуқи инсон (омбудсмен)-и Тоҷикистон Зариф Ализода бар ин назар аст, ки барои ҳалли масъалаи иҷро нашудани қарорҳои суд ҷорӣ кардани рӯйхати қарздорон зарур аст, ки бештар ба масъалаи ҷуброни зиёни молӣ дахл дорад.

«Дар иҷрои қарорҳои судӣ мушкилоти зиёд ҷой дорад. Қаблан судиҷрочиён ба мақомоти судӣ тобеъ буданд, ҳозир бошад, ба Вазорати адлия. Аз ин рӯ, баъзе номувофиқатиҳо ҷой дорад, аз ҷумла дар механизими корҳо», – гуфт ӯ зимни нишасти хабарӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти ин ниҳод дар соли 2017.

Ба гуфтаи ӯ, ба Тоҷикистон қабули таҷрибаи дигари кишварҳо, ки дар онҳо «рӯйхати қарздорон» тартиб дода мешавад, зарур мебошад.

«Ба ин рӯйхат шахсоне, ки натанҳо қарзашонро бо қарорҳои судӣ, балки қарзи бонкиашонро низ пардохт намекунанд, дохил шуда метавонанд, ки ин дар навбати аввал баро иҷрои маҷбурии қарорҳо лозим аст. Масалан, барои ин шахсон муваққатан метавон сафар ба хориҷи кишварро маҳдуд кард, зеро ҳолатҳои зиёде мавҷуданд, ки шахси қарздор бидуни монеъа кишварро тарк мекунад», – қайд кард ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки баррасии масъалаи иҷро нашудани қарорҳои судӣ имсол дар ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба нақша гирифта шудааст. «Мо ин масъаларо омӯхта, назари худро дар мавриди ҳаллу фасли он пешниҳод мекунем», – афзуд ӯ.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2026

Аз оғози фаъолияти "Боғи ҳайвонот" дар Душанбе то Рӯзи ҷаҳонии шамъсозон

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.