Генерал-полковник Сайдамир Зуҳуров бо инсулт бистарӣ шуд

Генерал-полковники мустаъфӣ Сайдамир Зуҳуров бо бемории сактаи майнаи сар (инсулт) дар Маркази миллии тиббӣ бистарӣ шудааст. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод. Сайдамир Зуҳуров аз 2 феврали соли 2016 аз вазифаи сардори Сарраёсати ҳифзи сирри давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон ба нафақа баромад. Дар ин ниҳод ӯ муддати беш аз […]

Asia-Plus

Генерал-полковники мустаъфӣ Сайдамир Зуҳуров бо бемории сактаи майнаи сар (инсулт) дар Маркази миллии тиббӣ бистарӣ шудааст. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод.

Сайдамир Зуҳуров аз 2 феврали соли 2016 аз вазифаи сардори Сарраёсати ҳифзи сирри давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон ба нафақа баромад. Дар ин ниҳод ӯ муддати беш аз 10 сол – аз 5 декабри соли 2006 кор кард.

Сайдамир Зуҳуров соли 1951 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ.

Соли 1977 баъди хатми мактаби Кумитаи амнияти давлатӣ (КГБ) дар Минск ба ҳайати кадрии ин ниҳод шомил шуда, то соли 1981 ба сифати корманди фаврӣ дар Раёсати Кумитаи амнияти давлатии Тоҷикистон дар вилояти Кӯлоб ифои вазифа намуд. Солҳои 1983 -1984 – дар Афғонистон ба иҷрои вазифаҳои махсус машғул буд.

Аз соли 1987 Зуҳуров дар вазифаҳои муовини сардор ва сардори шуъбаи Раёсати Кумитаи амнияти давлатӣ дар вилояти Хатлон кор кард.

Соли 1992 Сайдамир Зуҳуров ба мансаби раиси Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.

Идомаи фаъолияти корӣ:

1996 – 1997 – вазири корҳои дохилӣ;

1997 – 1999 – вазири амнияти Тоҷикистон;

1999 – 2005 – муовини сарвазири Тоҷикистон, масъул ба бахши сохторҳои қудратӣ;

Аз 10 январи соли 2005 – раиси Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии ҶТ – Фармондеҳи Кушӯнҳои сарҳадии ҶТ;

Январ – декабри соли 2006 – раиси Кумитаи давлатии ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон;

– Аз 5 декабри соли 2006 то 2 феврали соли 2016 – сардори Сарраёсати ҳифзи сирри давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон.

Генерал-полковник.

Бо ордени «Спитамен», дараҷаи аввал (20.02.2013 сол) мукофотонида шудааст.

Оиладор, соҳиби 8 фарзанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2026

Аз оғози фаъолияти "Боғи ҳайвонот" дар Душанбе то Рӯзи ҷаҳонии шамъсозон

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.