Соати 12 -у 07 дақиқаи имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон заминларза рух дод.
Маркази заминҷунбӣ дар 280-километрии ҷанубу шарқи Душанбе, дар қаламрави Афғонистон воқеъ буд.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Тоҷикистон хабар доданд, қувваи заминларза дар марказ 5-6 балл, дар шаҳри Душанбе- 3-4 балл ва шаҳраки Ғарм – 3 баллро ташкил додааст.
«Маълумот аз дигар минтақаҳои Тоҷикистон айни замон мавриди коркарду омӯзиш қарор дорад», – гуфтанд дар Хадамот.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.



