Зуҳуров: Сайёҳони хориҷӣ аз хизматгузории «Тоҷик Эйр» гурезонанд

Раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров дар ҷаласаи парлумони кишвар бори навбатӣ фаъолияти ширкати миллии ҳавопаймоии кишвар – ҶСК «Тоҷик Эйр»-ро мавриди интиқоди шадид қарор дод. КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» низ канор намонд. Ба гуфтаи Зуҳуров, ҳама гуна сайёҳи хориҷӣ, ки бори аввал аз хизматгузории «Тоҷик Эйр» истифода мекунад, ба гумон аст, ки бори дигар […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров дар ҷаласаи парлумони кишвар бори навбатӣ фаъолияти ширкати миллии ҳавопаймоии кишвар – ҶСК «Тоҷик Эйр»-ро мавриди интиқоди шадид қарор дод. КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» низ канор намонд.

Ба гуфтаи Зуҳуров, ҳама гуна сайёҳи хориҷӣ, ки бори аввал аз хизматгузории «Тоҷик Эйр» истифода мекунад, ба гумон аст, ки бори дигар ба он рӯ орад.

«Хизматгузории сатҳи паст, безавқӣ дар кори таъмини мусофирон бо хӯрок ва доимо ба таъхир афтодани парвозҳо, мушкилоти дубора сӯзишворӣ гирифтани ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳҳои кишварҳои ҳамсоя ҳамаи мусофирон, шаҳрвандон ва меҳмонони кишварро аз ин хизматгузориҳо гурезон кардаанд», – қайд кард Зуҳуров.

Раиси палатаи поёнии парлумон таъкид дошт, ки мушкилоти дубора сӯзишворӣ гирифтан ё худ пурра бо сӯзишворӣ таъмин кардани ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳҳои дигар кишварҳо аллакай муддати ду сол аст, ки роҳи ҳалли худро намеёбад.

«Бо ин сабаб мусофирони хатсайри ҳавоии Душанбе – Маскав ба ҷойи 4 соати муқарраршуда дар 8 соат ба нуқтаи таъиншуда мерасанд. Бисёр вақт онҳо ба хатсайрҳои васлкунанда дер мемонанд. Танҳо соли гузашта фоизи ба таъхир афтодани хатсайрҳои ҳавоӣ дар муқоиса бо соли 2016 ба миқдори 29 фоиз афзудааст. Ба таъмини ҳавопаймоҳо бо сӯзишворӣ мустақиман дар Душанбе мавҷуд набудани рақобатпазирӣ ва монополияи пурра халал мерасонад. Ҳамсоякишварҳо чунин мушкилот надоранд», – иброз дошт ӯ.

Зуҳуров ҳамчунин аз фаъолияти КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» низ дар мавриди мусофиркашонӣ интиқод кард.

«Барои чӣ бошад, ки шаҳрвандони мо зимни сафар аз Душанбе ба Маскав дар қаламрави кишварҳои ҳамсоя мавриди таҳқир қарор мегиранду касе аз намояндагони идораи роҳи оҳан ё хадамоти гумрук ба ҳимояи онҳо садо баланд намекунад?», – қайд кард вай.

Ӯ пешниҳод намуд, ки ояндаи наздик 2 нафар вакилони парлумон тариқи қатора ба сафари Маскав фиристода шаванд, то ки мушкили мусофиронро аз наздик омӯзанд. Дар ҳамин ҳол, ӯ пешниҳод кард, ки вакилон «на намоишкорона ба сифати вакил, балки ҳамчун мусофири оддӣ» ба сафар бароянд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2026

Аз оғози фаъолияти "Боғи ҳайвонот" дар Душанбе то Рӯзи ҷаҳонии шамъсозон

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.