Дар ВКХ Россия таҳкими пойгоҳҳои низомӣ дар ОМ-ро шарҳ доданд

Русия ҳамроҳи иттифоқчиёнаш дар СААД ва ИДМ барои муқовимат бо хатари воридшавии террористон аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ (ОМ) тадбирҳои зарурӣ меандешад. Дар мусоҳиба ба РИА Новости намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Русия Александ Стерник дар ин робита изҳор доштааст, ки тадбирҳои то имрӯз андешида, аз ҷумла таъсиси низоми минтақавии таъмини амният дар сарҳад барои […]

Наим Халимов

Русия ҳамроҳи иттифоқчиёнаш дар СААД ва ИДМ барои муқовимат бо хатари воридшавии террористон аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ (ОМ) тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Дар мусоҳиба ба РИА Новости намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Русия Александ Стерник дар ин робита изҳор доштааст, ки тадбирҳои то имрӯз андешида, аз ҷумла таъсиси низоми минтақавии таъмини амният дар сарҳад барои орому осуда нигоҳ доштани минтақа кофӣ аст.

«Ба иллати вазъ дар Афғонистон самти ҷануб барои мо ҳамеша ҳассос боқӣ мемонад. Ҳозир боз мебояд ба он ҷо омадани ҷангиёнро баъди шикасташон дар Ироқу Сурия бояд ба инобат гирифт. Дар доираи СААД ва ИДМ мо ҳамеша бо шарикон дар ин самт чораҷӯӣ мекунем. Амнияти сарҳад пурзӯр шуда, имконоти сохторҳои қудратӣ тақвият меёбанд. Аслиҳаву муҳимоти қувваҳои мусаллаҳи шарикон таҷдиду навсозӣ мешавад, кадрҳои дахлдор тайёр карда мешаванд», – иброз доштааст ӯ.

Ба қавли номбурда, пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ба дастгирии нерӯҳои ҳукумат дар қитъаҳои бештар хатарноки сарҳад омода буда, имконоти пойгоҳи авиатсионӣ дар Қирғизистон тақвият дода шудааст.

«Дар ин росто солиму гарм шудани муносибатҳо миёни кишварҳои водии Фарғона – Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон низ таъсири муссбат мерасонад. Қаблан зимни носозиҳо миёни ин сегона, ифротгароён аз он ба мақсадҳои нопоки худ истифода карда метавонистанд. Имрӯз ба туфайли хуб шудани муносибатҳои Тошканд бо Бишкеку Душанбе, ин хатарҳо ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтанд», – афзудааст ӯ.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин ноҳияро барои латукӯб кардан ва бо тахтачӯб задани ҳамсараш, ки бо марги зан анҷомидааст, ба...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.