Кумаки Тоҷикистон ба Ӯзбекистон дар пешгирии ду амали террористӣ

Кормандони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон соли равон дар қаламрави кишвар аз 36 амали террористӣ пешгирӣ намуданд. Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки ба туфайли маълумоти аз ҷониби ВКД Тоҷикистон пешниҳодшуда ба ҳамтоҳои хориҷии худ, дар як қатор кишварҳо низ амалҳои террористӣ пешгирӣ шуд. «Дар қаламрави Русия бо кумаки Тоҷикистон […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Кормандони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон соли равон дар қаламрави кишвар аз 36 амали террористӣ пешгирӣ намуданд.

Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки ба туфайли маълумоти аз ҷониби ВКД Тоҷикистон пешниҳодшуда ба ҳамтоҳои хориҷии худ, дар як қатор кишварҳо низ амалҳои террористӣ пешгирӣ шуд.

«Дар қаламрави Русия бо кумаки Тоҷикистон 5 амали террористӣ, Чин – 1, Ӯзбекистон – 2 Украина – 1 ва Қазоқистон – 1 амали террористӣ пешгирӣ шуд», – қайд кард вазир.

Раҳимзода зикр кард, ки тибқи маълумоти мавҷуда, соли гузашта дар қаламрави Ироқу Сурия 250 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар сафҳои Давлати исломӣ меҷангиданд ҳалок шуда, 117 нафар ихтиёрӣ аз ин кишварҳо ба ватан баргаштаанд.

Зимнан зикр гардид, ки соли гузашта 300 нафар шаҳрвандони кишвар барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва ниҳоят вазнин мавриди ҷустуҷӯӣ байнулмилалӣ эълон шудаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.