Суғд: даст ба худкушӣ задани 38 ноболиғ дар соли гузашта

Date:

Соли гузашта дар вилояти Суғд 38 нафар ноболиғон даст ба худкушӣ задаанд, ки нисбат ба соли 2016 – 6 ҳолат зиёдтар аст.

Сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки соли гузашта дар қаламрави вилоят аз ҷониби ноболиғон 145 ҷиноят (соли 2016 – 146 ҷиноят) содир шудааст, ки аз ин шумор 75 қонуншиканӣ (соли 2016 – 81 қонуншиканӣ) ба толибилмони мактабҳои миёна рост меояд.

«Ноболиғон асосан ба ҷиноятҳое чун дуздиву авбошӣ, вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ даст задаанд», – гуфт Каримзода.

Сардори Раёсати маорифи вилоят ҳамчунин қайд кард, ки айни замон 223 бинои мактабҳои таҳсилоти умумии вилоят ба таъмир ниёз доранд, ки 13-тои он садамавӣ ва 52-тояш – қисман садамавӣ мебошанд.

«Имрӯз дар қаламрави вилоят 923 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ амал карда, дар онҳо 517 ҳазору 802 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, – иброз дошт номбурда. – Дар мактабҳо беш аз 37 ҳазор нафар омӯзгорон ба таълими хонандагон машғул буда, ҳамасола шумори хонандагони вилоят 15-20 ҳазор нафар зиёд мешавад».

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...