Суғд: даст ба худкушӣ задани 38 ноболиғ дар соли гузашта

Соли гузашта дар вилояти Суғд 38 нафар ноболиғон даст ба худкушӣ задаанд, ки нисбат ба соли 2016 – 6 ҳолат зиёдтар аст. Сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки соли гузашта дар қаламрави вилоят аз ҷониби ноболиғон 145 ҷиноят (соли 2016 – 146 ҷиноят) содир шудааст, ки аз ин […]

Мавлуда Рофиева, махсус барои Asia-Plus

Соли гузашта дар вилояти Суғд 38 нафар ноболиғон даст ба худкушӣ задаанд, ки нисбат ба соли 2016 – 6 ҳолат зиёдтар аст.

Сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки соли гузашта дар қаламрави вилоят аз ҷониби ноболиғон 145 ҷиноят (соли 2016 – 146 ҷиноят) содир шудааст, ки аз ин шумор 75 қонуншиканӣ (соли 2016 – 81 қонуншиканӣ) ба толибилмони мактабҳои миёна рост меояд.

«Ноболиғон асосан ба ҷиноятҳое чун дуздиву авбошӣ, вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ даст задаанд», – гуфт Каримзода.

Сардори Раёсати маорифи вилоят ҳамчунин қайд кард, ки айни замон 223 бинои мактабҳои таҳсилоти умумии вилоят ба таъмир ниёз доранд, ки 13-тои он садамавӣ ва 52-тояш – қисман садамавӣ мебошанд.

«Имрӯз дар қаламрави вилоят 923 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ амал карда, дар онҳо 517 ҳазору 802 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, – иброз дошт номбурда. – Дар мактабҳо беш аз 37 ҳазор нафар омӯзгорон ба таълими хонандагон машғул буда, ҳамасола шумори хонандагони вилоят 15-20 ҳазор нафар зиёд мешавад».

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.