Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Вохӯрӣ байни дастаҳои футболи «Ашт» – «Истиқлол» дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. Оғоз соати 14:00; – Нишастҳои хабарии ҷамъбасти соли 2017: – Акдемияи илмҳои Тоҷикистон; – КВД «Хоҷагии манзилиюкоммуналӣ»; – Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана […]

Asia-Plus

АНОНС

– Вохӯрӣ байни дастаҳои футболи «Ашт» – «Истиқлол» дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. Оғоз соати 14:00;

Нишастҳои хабарии ҷамъбасти соли 2017:

– Акдемияи илмҳои Тоҷикистон;

– КВД «Хоҷагии манзилиюкоммуналӣ»;

– Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8227 сомонӣ;

1 евро – 10.8007 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1518 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1958 — Чархболи нахустин (МИ-1) ба Сталинобод оварда шуд.

1990 — Дар Душанбе бинобар сабаби гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ, ки ба талафоти ҷонӣ боис шуданд, вақти комендантӣ ва ҳолати фавқулодда ҷорӣ шуд.

2011 — ҶСП «ТТ-мобайл» бори нахуст дар Тоҷикистон технологияи 4G-ро дар реҷаи санҷишӣ ба кор даровард.

2017 — Дар шаҳрҳои Санкт-Петербург ва Новосибирски Русия Консулгариҳои генералии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намуданд.

1919 – Зодрӯзи Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Бахтулҷамол Карамхудоев.

1927 – Мавлуди нависанда ва арбоби давлатӣ Холмурод Шарифов.

1931 – Зодрӯзи арбоби давлатӣ, вазири кишоварзии ҶШС Тоҷикистон (солҳои 1973-1982)  Муҳиддин Зоҳиров.

1938 – Мавлуди доктори улуми тиббӣ Ҳамдам Рофиев.

1971 – Зодрӯзи оҳангсоз, сароянда Парвиз Пӯлодӣ.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1, рӯзона +7+12, дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона -1+4.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3, рӯзона +12+17; дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +7+12.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар ғарби вилоят боришоти начандон зиёд (борону барф).

Ҳарорат: дар ғарб шабона -5-10, рӯзона +1+6; дар шарқ шабона -10-15, рӯзона -2-7.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ боришот (борону барф). 

 Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2, рӯзона +11+16; дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона +4+9.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +11+13.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +10+12.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +14+16.  

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, боришоти начандон зиёд (борону барф).

Ҳарорат: шабона -5-7, рӯзона +2+4.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.