Эмомалӣ Раҳмон ба афсарони Гвардияи миллӣ хонаҳо тақдим кард

spot_imgspot_img

Дата:

Субҳи имрӯз бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Маҳаллаи Меҳрободи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бинои 5 – ошёнаи истиқоматӣ барои оилаҳои хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллии Тоҷикистон  ба истифода дода шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат бино аз 60 ҳуҷраи истиқоматӣ, таваққуфгоҳи зеризаминӣ барои 25 нақлиёт ва майдончаи кӯдакона иборат буда, аз шумораи умумии ҳуҷраҳо 4 ададаш сеҳуҷрагӣ, 32 дуҳуҷрагӣ ва 24 хонаи якҳуҷрагӣ мебошад.

Гуфта мешавад, бинои мазкур бо сарфи наздики 17 миллион сомонӣ дар давоми солҳои 2014-2017 бунёд шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити бино ва сифати корҳои анҷомшуда, ба кори сохтмончиён баҳои сазовор доданд ва аз сокинони хуштолеъ – хизматчиёни  ҳарбии Гвардияи миллии Тоҷикистон даъват ба амал оварданд, ки содиқона ба нафъи халқу Ватан хизмат намоянд.

Дар навбати худ соҳибони манзилҳои нави истиқоматӣ ба Сарвари давлат барои дастгириҳои пайваста арзи сипосу миннатдорӣ намуда, изҳор доштанд, ки ин гуна қадршиносӣ онҳоро дар иҷрои масъулияту вазифаҳои бардушдоштаашон дучанд ҳавасманду масъулиятшинос хоҳад кард.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...